Ҳадаф — рушди адабиёти кўдакон

 Ҳадаф — рушди адабиёти кўдакон

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим гурўҳи адибону ноширони Санкт-Петербургро, ки барои кўдакону наврасон эҷоду чоп мекунанд, ба ҳузур пазируфт. Бо хоҳиши меҳмонон ба онҳо дар бораи таърихи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ташаккулу такомули адабиёти кўдакону наврасон дар Тоҷикистон, самтҳои фаъолияти бахши кўдакону наврасони созмон маълумот дода шуд.

Роҳбари гурўҳи адибону ноширон Кристина Кретова оид ба ин корҳо дар шаҳри худ нақл ва намунаҳои осорашро ба китобхонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон туҳфа кард.

Ҷонибон омодагиашонро ҷиҳати ҳамкориҳои судманд баҳри рушди адабиёти кўдакону наврасон баён намуданд.

Дар мулоқот муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ва мудири бахши тарҷумаву роитаҳои адабӣ Абдуллоҳи Раҳнамо иштирок доштанд.

Дигар хабарҳо