Ангезаҳои танатологӣ дар романи «Саройи санг»

 Ангезаҳои танатологӣ дар романи «Саройи санг»

Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Сюжети романи «Саройи санг»-и А. Мирхоҷа дар пасманзари рўйдодҳои таърихӣ сурат мегирад, ки воқеаҳо ба воқеият асос ёфта, бо таърих робита доранд. Ин як навъ барқарорсозии бадеии воқеияти таърихӣ дар бораи рўзгори сангини тоҷикони минтақаи Шуғнон дар партави ҳодисаҳои солҳои 1860-1880 ва муборизаи шадиди мардуми баландкўҳ бар зидди бераҳмии ҳокимони он замон аст. Лоиқи қайд аст, ки роман кўшиши нахустин дар масъалаи инъикоси фоҷиаҳои таърихии давраи зикршудаи мардуми Шуғнон дар шакли як асари бадеии мукаммал мебошад, ки қимати асарро дучанд мекунад.

Мавзуи рўйдодҳои сарнавиштсоз дар таърихи мардуми кўҳистони ноҳияи Шуғнон, анъанаву русуми онҳо, ки вижагиҳои рўзгор, ҳаёти маҳаллиро инъикос мекунанд, ҳамеша таваҷҷуҳи натанҳо муҳаққиқону адибони тоҷик, балки соҳибқаламону тадқиқотчиёни хориҷиро низ ба худ ҷалб кардааст.

То кунун дар эҷодиёти Мирсаид Миршакар, Нодир Шанбезода, Тилло Пўлодӣ, Раҳим Ҷалил (романи “Шўроб”), Фазлиддин Муҳаммадиев (достони “Сози Мунаввар”) эпизодҳои пурҷўшу хурўши ҳаёти сокинони Бадахшони асри XIX дар қолабҳои мухталиф тасвир карда шудаанд. Ин мавзуъ дар заҳмати олимони зиёде ба монанди Павел Лукнитский, Акмир Агаханянтс, Тоҳир Қаландаров ва дигарон амиқтар баррасӣ шудааст, ки аз нигоҳи бадеӣ ва таърихӣ вижагиҳои тафаккур, анъана ва хосиятҳои муҳими ҷаҳони ботинии ин мардумро ифшо мекунанд.

Навиштани романи таърихӣ донишу таҷрибаи бештареро аз нависанда тақозо дорад. Фикри хешро метавон бо гуфтаи муҳаққиқ Н. Приймаков далелнок кард, ки нигоштааст: “Дониши таърихии мо ҳамеша нодуруст, яъне тахминӣ хоҳад буд – чи дар илми таърих ва чи дар эҷоди бадеӣ. Ҳақиқат бар хилофи илм як хислати муҳимтар дорад – он таърихро дар симои зинда, расмҳо, воқеаҳо, далелҳо дарк ва тасвир мекунад, ки таассуроти «воқеият»-и рўйдодҳоро ба вуҷуд меорад. Мушкилӣ ва мураккабии эҷодиёти таърихӣ дар он аст, ки адиб бояд ҳам нависанда ва ҳам таърихшинос бошад, то ки эҷоди ў ҳам санъат бошад ва ҳам таърих”.

Романи «Саройи Санг» маҳз чунин асар мебошад, ки ҳақиқати таърихиро дар партави бадеӣ барои хонанда ҷилав медиҳад. Маълум аст, ки муаллиф дар баробари малакаи баланди насрнависӣ, аз таърихи ин ҳодисот пурра бохабар будааст. Романи мазкур асари бадеист, ки мавзуи он гузаштаи таърихист, ки дар он мақсад ва вазифаи бадеии муаллиф омўхтани муҳимтарин хислатҳои одамо- ни қадим, нишон додани робитаи миёни шахсиятҳо ва инъикоси воқеии замон мебошад. Роман равишҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва инсонпарвариро бомуваффақият ба ҳам мепайвандад, ки аз истеъдоду қобилияти баланди муаллиф гувоҳӣ медиҳад.

Бояд гуфт, ки тоҷикони Бадахшон то барпо гардидани Ҳокимияти Шўравӣ зери зулми доимии ҳокимони хориҷӣ қарор доштанд ва дар ҳамаи давру замон барои ҳифзи сарзамин ва марзу буми худ давраҳои душвори таърихиро аз сар гузаронидаанд. Бо саъю кўшиш, мубориза ва меҳнат ба умеди наҷот додани ҳаёти худ талош менамудаанд. Гирдоби бераҳмонаи сарнавишти мардуми содадили ин сарзамин онҳоро борҳо бо ҳодисаҳои хунин рў ба рў кардааст. Аммо садоқати бепоён ба зодгоҳи бостонӣ, забони форам ва фарҳанги ориёӣ боиси зинда мондани фарҳангу тамаддуни онҳо гардид. Хусусиятҳои хоси маънавию равонии ин мардум аз ҷониби муаллиф дар романи “Саройи санг” ба ҳар навъу шакле хеле моҳирона таҷассум ёфтаанд.

Тибқи маз муни д остони н ахуст, қаҳрамони асосӣ Ҷаҳонгир дар роҳ ба хона ногаҳон нотавонӣ, эҳсоси заъфи пирӣ пайдо мекунад, бо вуҷуди он, ки ҳатто дар синни ҳаштодсолагӣ ҳанўз тавонмандии худро аз даст надодааст. Пирамард аз суханони дурушти персонажи дигари роман Муҳаббатхон, ки симои маргро дар назари хонанда ҷилвагар месозад, нороҳат шудааст.

Хусусияти хоси ин роман дар он аст, ки мавзуи танатология (маргу мир) дар ҳар сатри муаллиф ба воситаи ҳар гуна ҷузъиёти имконпазир дода мешавад. Ангезаи марг бо муқоисаҳои зиёд, ба мисли: «вуҷуди Ҷаҳонгирро дарҳам шикаст, гўиё аз тори кўҳ банохост санги азиме канда шуда, ба сараш зад ва устухонҳои ўро реза-реза кард» // «Аз боғи паси хона садои Мирзоазизро шунида, қозӣ Давруқ ва ҳамроҳонаш ба назди бобову набера расиданд.

– Паҳлавон, ранг бину ҳол пурс, – баробари расидан гуфт қозӣ ба овози ларзон. – Маълум, ки туро ҳам рўйхотир накард” пурзўртар мегардад.

Дар ин манзараҳо дар бораи наздик шудани фалокати муҳлике бар сари мардуми ин сарзамин маълумоти мустақим дода мешавад.

Дар монологи ботинии қаҳрамон, дар пурсишҳои персонажҳо садокати бепоён ба Ватан, забони форам ва фарҳанги ориёӣ ниҳон аст. Масалан, хашми Ҷаҳонгир: «Ҳалло, ҷангу майдондорӣ маро шикаст надод, магар забони бади ин падаркуши хунхор» гувоҳӣ медиҳад, ки сухан дар бораи зиддияте меравад, ки ҳатман боиси марг мегардад. Набера ба бобои бемадор нигоҳ карда, ҷасади беҷони амакашро ба ёд меорад, ки дар тавсифи он муаллиф ибораву ҷумлаҳои зиёдеро мавриди истифода қарор додааст, ки ҳар яки онҳо дар пайи худ ангезаи танатологӣ доранд: «нимшунаво ба хондани ояте аз Қуръон шурўъ кард», «чашмони пурашк», «чеҳраи аз ғояти пирӣ чўкидаву беранг», «манзараи рўзи ҷанозаи амакаш», «тиловату дуо кард», «мардони ғамзада ба лобаву зории Мирзоазиз ва рўйканиву мўйкании занон нигоҳ накарда, амакашро ба гўристон бурданд», «як ҳафта пас мурдаашро ба аспаш бор карда оварданд», «зери қадамаш замин меларзид», «аз ҷигари бирён сиришки хунин рехт», «ёди шавҳари ҷавонмарг».

Ато Мирхоҷа аз саргузашти мардуми пуршарафи сарзамини Бадахшон, дар бораи фарзандони сарбаланд, ки барои озодии халқи худ аз дасти истилогарони қатағанӣ тайёранд қурбон гарданд, нақл мекунад.

Образҳои Саид Фаррухшоҳ, Ҷаҳонгир, Мирзоазиз, Мулло Хишол, Манзаршоҳ, Доробшоҳ ва Хайримуҳаммад, ки намехостанд эътиқоди бегона, қавоиди зиндагии касеро дар ҳаёти хеш ҷорӣ созанд, бо як самимият ва маҳорат офарида шудаанд.

Дар роман тасвири зери тасарруфи худ қарор додани Шуғнон аз ҷониби ҳокимони Қатаған, ки дар Қундуз ҳукмрон буданд, оварда шудааст. Бар асари ҳуҷуми ҳамсоякишварҳо на танҳо Шуғнон ва Рўшон, балки Вахон низ соҳибихтиёрии худро аз даст дода буд. Қабилаҳои муғул ва турк, ки чанд аср пеш дар Варорўд тахтро ишғол карда буданд, мехостанд, ниҳоят, халқҳои болооби дарёи Панҷро ҳам забт кунанд. Мавзуи марг пур аз тасвири ормонҳои хунин аст. Ҷабру истибдоди душманон нисбат ба халқи ҷафокашида дар бисёр мавридҳо хеле ҷузъӣ ба тасвир кашида шудааст, ки сабаби зиёд ба назар расидани мотивҳои танатологӣ дар роман гардидааст.

Нафрати мардум нисбат ба шоҳони Қатаған ба марги маънавӣ баробар буд. Дар ҷараёни мутолиаи роман аён мегардад, ки чӣ тавр Абдураҳимхону писаронаш Муҳаббатхон ва Юсуфалихон дар мубориза барои ҳокимият на зердастони худро дареғ доштаанд ва на якдигарро. Марги маънавӣ дар роман дар хоҳиши ин ҳокимон ифода ёфтааст, ки аҳолии маҳаллиро ба даст кашидан аз урфу одатҳои қадимӣ, қабули расму оинҳои дилхоҳи онҳо маҷбур мекунанд. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ, онҳо ба зулм ва зўроварии азим алайҳи мардуми маҳаллӣ роҳ доданд. Бо кўчактарин сабаб мардумро азоб медоданд, хона ба хона гашта, аз сўхтану куштан дар ягон ҳолат худдорӣ намекарданд.

Дар роман бо ёрии муколама ва тасвири муқоисавӣ тасаввуроти муаллиф дар бораи олами гирду атроф, дунёи маънавии персонажҳо тавсиф карда мешавад. Маънои мафҳумҳои ҳаёт ва марг дар роман бо мафҳумҳои ба ҳам зидмаъно «сулх – ҷанг», «ҳаёт – мамот» алоқаманд аст. Дар худи муколамаи Ҷаҳонгир зиндагӣ бе мубориза зоҳир намешавад.

Ибораву ишораҳо ба монанди «ҷангҳо ва муҳорибаҳо», «маро нашикастанд», «бадзабон», «патриси хунхор» рамзи марг, яъне «имконнопазирии ҳар интихоб, бераҳмӣ»-ро дорад. Дар тавсифи нависанда чунин як формулаи ҳаётан муҳим ба мисли набард, рақобат бо сифатҳои «хунхор» зиёд ба мушоҳида мерасад. Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки дар ин роман, воқеан, ҳар як ифодаи гуфташуда маънои зиндагӣ ба номи истиқлолият, ба номи ҳаётро дорад, ки мавзўи асосии осори бисёре аз адибони тоҷик дар садаи 20-21 мебошад. Агар ба худи унвони ҳикояҳо ба монанди «Наҷот аз улчакӣ», «Ғазаби шоҳ», «Нафратзадагон», «Хунрезӣ», «Таҳлука», «Мурдаҳои зиндашуда», «Ҳалокати Диноршоҳ», «Ҳалокати оқсақол Сафар», «Ҷигари садпораи Бибианор», «Номус» ва ғайра, ки роман аз онҳо иборат аст, таваҷҷуҳ намоем, чунин ба назар мерасад, ки онҳо аз оҳангҳои танатологӣ таркиб ёфтаанд. Аммо хонандаи муосир дарк мекунад, ки мавҷудияти чунин оҳангҳо дар асар махсус оварда шудаанд, то ки рамзи ҳаёт барҷастатар ифода ёбад. Ҳар як муколама дар бораи мубориза ва озодӣ дар роман ҳамзамон бо идеяи марг алоқаманд аст. Мавзўи маргу мубориза мавзўи асосии асарҳои калонҳаҷми адабиёти қарнҳои XX-XXI-и тоҷик аст, ки муаллифи романи “Саройи санг” Ато Мирхоҷа низ ин махсусиятро нигоҳ доштааст.

Дар роман мафҳумҳои куштор ва марг барои қаҳрамонони роман аз нуқтаи назари маъно қариб тафовут надоранд. Тибқи ғояи асосии асар, як қатор оҳангҳои танатологӣ тасвир шудаанд, ки дар муколама, монологҳо, тасвирҳо, муқоисаҳо инъикос ёфтаанд.

Муаллифи роман дар достони «Дар меҳмонии шоҳ» як хусусияти муҳимми баъзе персонажҳо, масалан, Эҷаб ё Бонакро овардааст, ки омодаанд каси дигарро аз байн баранд, то ҷони худро аз даст надиҳанд. Муколамаи Эҷаб бо шоҳ аст, ки барои куштани Мазҳабшо ва писараш сурат гирифтааст, гувоҳи ин аст:

» – Шоҳам, ба шамшер ё ҳалқаовез ё…?”. Яъне, маргро барои одами қудратманд, ки аз хун маст аст, як ҳодисаи маъмулӣ нишон медиҳад, бинобар ин ҷавоби шоҳ мувофиқ омадааст: « – Бо шамшер пора-пора кунед». Марги одам дар роҳ ба суи мутлақияти шахси дигар монанди инкори ҳаёт аст, ки нависанда дар ин қисмат онро бармало нишон додааст. Ба хотири нафси худ тавоно ҷони нотавонро мегирад.

Муаллифи роман тавассути афкори Ширинбек дар бораи қимати халк дар назди шоҳ, хунхории ў баҳс мекунад ва дар ин чо андешаи танатологии роман, ки марг наҷот аст, ба миён меояд: «Ҳамин қадар қадр доштаем дар назди ин модарзинокун. Падараш ҳам золим буду бобояш ҳам. Лекин ин безот аз ҳама гузаронд! Чӣ бояд кард? Агар илоҷ накунем, сари ҳамаро ба ғарғара медиҳад. Афсўс, сад афсўс, Маҳмадазим кушта шуд. То ў зинда буд, падарсагу бародараш Афсалихон ҷилавашонро ин андоза сар намедоданд. Баъди сари ў дигар гўрашонро равшан диданд».

Хусусияти услуби нозуки тасвир образҳои Ато Мирхоҷаро ҷолиб намуда, истиноди иҷтимоии романи ўро, ки ба мавзуи марг барои ошкор намудани проблемаи истиқлолияти таърихии як қавм нигаронида шудааст, таъкид кардан зарур аст. «Саройи Санг» кўшиши нависанда барои таҳқиқ намудани ҳаёти тоҷикони минтақаи Шугнон дар партави воқеаҳои солхои 1860—1880 ва муборизаи шадиди кўҳистониён бар зидди бераҳмии ҳокимони истисморгар дар он замон аст. Ин аст, ки метавон ҳадс зад, ки “Саройи санг” ҳамчун яке аз намунаҳои мансури намоёни адабиёти аввали қарни XXI буда, муаллифи он Ато Мирхоҷа рисолати худро дар ин росто хеле хуб анҷом додааст.

Абдулназар АБДУЛНАЗАРЗОДА, доктори илмҳои филологӣ

Дигар хабарҳо