Ба муносибати рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон Аҳмад Қурбоннепесов АЙНАК […]
Вилям ШЕКСПИР (1564-1616) Англия СОНЕТ Ба олам ҳар касе хуштолеу ахтарбаланд ояд, Ба шаъну давлату бо шуҳрату бо ном менозад, Ба ман инъоми бахти хоксорам дилписанд ояд, Маро чун чашмаи иқбол дар дил ишқ мебозад. Ба зери шуълаи хуршед бинмоянд барги худ Парешон чун надими подшоҳу маҳрами дарбор, Гули офтобпарастон, лек ҳар гаҳ шом ояд, […]Идома...
Низом Қосим Китоби «Тоҷикон» Назира ба шеъри устод Бозор Собир, ба ифтихори интишор ва ба ҳар хонадон дастрас намудани китоби «Тоҷикон», эълони озмуни «Тоҷикон»-донӣ ва 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров Киштаи пурдона мебошад китоби «Тоҷикон», Баҳри пурдурдона мебошад китоби «Тоҷикон». Қисмати тоҷик сангин […]Идома...
Кӯҳ гуфтам ман, Бадахшон кӯҳ гуфт, Қуллаҳои осмонбӯси Зарафшон кӯҳ гуфт. Кард овози маро такрор кӯҳистони ман, Ҳамзабон, ҳамдард, ҳамтақдиру ҳамармони ман. Кӯҳ гуфтам, Бо тане аз санги мармар, Бо саре аз санги хоро Сад ҳазорон паҳлавон аз хоб хест, Сад ҳазорон қаҳрамон аз хоб хест… Кӯҳ гуфтам, Норасо овози ман Лаҳзае дар […]Идома...
Зиндагӣ Зиндагӣ хост маро гирёнад, Ман вале ханда задам бар рӯяш. Бо ғамаш хост маро нест кунад, Ман вале ҳаст шудам дар кӯяш. Хост чун мум маро об кунад, Бишканад азми маро бо сахтӣ, Мӯмиёвор чу дармон гаштам, Вораҳондам ҳама аз бадбахтӣ. Зиндагӣ хост маро сӯзонад, Даргирифтам, бишудам машъали раҳ. Оташаш чун ба […]Идома...
Бо шукӯҳу виқори зебанда Ҳар гаҳ аз кӯчаҳо гузар мекард, Файласуфона роҳ гаштанҳош Бар муҳиту фазо асар мекард. Буд дар ӯ фари Улуғзода, Бо таанниву тоқату тамкин, Порае аз нубуғи Икромӣ, Партаве аз фурўғи Фазлиддин. Зоҳиран гарчи кӯҳпайкар буд, Андар ин кӯҳ рӯди нолон дошт. Ҳалқа-ҳалқа чу дуди сигораш Оҳи бар авҷи чарх печон дошт. […]Идома...
Ба ёди Камол Айнӣ Дидем дар рухи ӯ айни ҷамоли Айнӣ, Сӯи камоли айнӣ боланда боли Айнӣ. Ҷони шарифи Айнӣ бар айни хеш кӯчид, Реҳлат накарда Айнӣ бо иртиҳоли Айнӣ. Аз чун хазина ёдаш, аз ҷустани зиёдаш Пайдо намуд посух чандин саволи Айнӣ. Аз сангсор афрохт ӯ ҳайкали Ҳилолӣ, Рахшанда бадр гардид охир ҳилоли Айнӣ. […]Идома...
Ҷӯю дарёҳои пур аз оби Меҳан зинда бод! Пурдурахш ин кони сими ноби Меҳан зинда бод! Пок медорад чу қалбаш обҳои хешро, Ҷовидон ин обу ин одоби Меҳан зинда бод! Чашми бедоре бувад ҳар чашмаи ин кӯҳсор, Чашмҳои рӯшану бехоби Меҳан зинда бод! Гармии ҷону диланду рӯшноиофаранд, Обҳои пуртабу пуртоби Меҳан зинда бод! Обрӯи хушдилон […]Идома...
Модар, маро бубахш, ки рафтам паи ҳавас, Будам ҷавону бехабар аз дарду ранҷи роҳ. Оре, рафиқи нимараҳе буд ёру монд Як духтаре миёни раҳу як бағал гуноҳ… Эй рӯди поки умр, ки дарёи ғам шудӣ, Ҳар шеъру байту ҳарфу ҳиҷоям барои туст, Лабхандаи дурӯғи маро дарк мекунӣ, Эй модаре, ки хотираҳоям садои туст? Ишқу ҳаёву […]Идома...
СЕ МАНЗАРА Дар оби софи рӯд Чанде ба рӯи акси худам кардаам назар, Аз оби рӯд ҷониби ман гўиё нигоҳ Мекард Ҳақназар. Чашмаш хаёлманд, Дар зери чашм чин. Пайдо буд аз ваҷоҳати он пеши дидаам Ҳоли дили ҳазин. Гуфтам ба хештан, Шояд, ки он манам? То гардадо аён Равшантарак ба ман Санге ба […]Идома...