Бозор Собир. Дар оғӯши куҳистон.

 Бозор Собир. Дар оғӯши куҳистон.

 Кӯҳ гуфтам ман,

Бадахшон кӯҳ гуфт,

Қуллаҳои осмонбӯси Зарафшон кӯҳ гуфт.

Кард овози маро такрор кӯҳистони ман,

Ҳамзабон, ҳамдард, ҳамтақдиру ҳамармони ман.

 

Кӯҳ гуфтам,

Бо тане аз санги мармар,

Бо саре аз санги хоро

Сад ҳазорон паҳлавон аз хоб хест,

Сад ҳазорон қаҳрамон аз хоб хест…

 

Кӯҳ гуфтам,

Норасо овози ман

Лаҳзае дар кӯҳҳо печиду аксандоз шуд,

Бонг шуд, фарёд шуд,

Оламе бо ман ба як овоз ҳамовоз шуд.

 

Кӯҳҳо, ин қуллаҳои саркаши фарёдрас

Эй басо овозҳои норасобарҷастаро,

Хандаҳову гиряҳои осмонӣ кардаанд,

Доду фарёди ҷаҳонӣ кардаанд.

 

Аз сари ин қуллаҳо як оҳи кӯтоҳе бас аст,

То яке бархезад аз ҳар санг оҳ,

Оҳи кӯтоҳат шавад овозҳо,

То туро бинанд аз дур,

Бишнаванд аз дур ҳам…

 

Тухми мо дар рӯи олам ин қадар бисёр нест,

Лек то кӯҳу камар барҷо бувад,

Халқи мо он қадр каммиқдор нест.

Бо хурӯше, балки бо як норасо фарёд ҳам

Медиҳаду овоз кӯҳистону дар оғӯши он

Мо фаровон мешавем,

Мо ҳазорон мешавем.

 

То даме бо кӯҳсоронем,

Танҳо нестем:

Оҳи мо, овози моро

Мекунад ҳар санг такрор,

Саршумори тоҷиконро

Мекунад ҳар санг бисёр.

 

АСП

Аз рӯй-рӯйи хотираҳои ҷавониям,

Балки аз он диёр, ки гум кардаам падар,

Аспе ҳанӯз медаваду медавад ҳанӯз,

Аспе, ки ҷуз ба хоб намебинамаш дигар…

 

Пояш сафеду гардану пешонияш сафед,

Соқаш дарозу тахтаи пушташ дарозтар,

Зери шикам ба тахтаи пушташ кашида сахт,

Чашмаш мисоли лахчаи сӯзанда дар назар.

 

То рӯи сина шаршараву обшори ёл,

То пушти поя шаршараву обшори дум.

Чун зарбаҳои набзи раги дасту пои ӯ

Аз сангу хок мешунавам зарбаҳои сум.

 

Сар то қадам сарак-сараку резу печу тоб,

Дар подаи касофати маркаб намечарад.

Аспи фариштае, ки саисаш фариштаест,

Шаб то саҳар фаришта қашоғӯш мезанад.

 

Дар ҳарду пойи ӯ падари ман кишан назад,

Дар банди пойи ӯ падарам ресмон набаст…

Дар кӯдакӣ шунидаму фарёд мезанад

Ин гӯши ман ба шиҳаи он аспи дурдаст.

 

Дар кӯдакӣ шунидаму аз ёди ман нарафт

Он шиҳаи азизи чиҳилсола бештар;

Як дам ба гӯш мерасад аз пуштаҳои дур,

Як дам ба гӯш мерасад аз кулбаи падар.

 

Ёдат ба хайр, бому дари кӯдакии ман,

Кам нест аз ту дар ҷигарам нақши ҷоннавоз.

Марде, ки рафт аз бари мо дар ҷавонияш,

Хоҳам, ки пир ояду ояд дубора боз.

 

Умре ба ҳар ғубори шитобанда дар назар

Бо чашми чор менигарам ман, ки аз куҷост;

Маҳтоби нав ба тахтаи дарвозаи уфуқ

Кӯбида наъли ашқари гардуннаварди мост.

 

Аз рӯй-рӯйи хотираҳои ҷавониям,

Балки аз он диёр, ки гум кардаам падар,

Аспе ҳанӯз медаваду медавад ҳанӯз,

Аспе, ки ҷуз ба хоб намебинамаш дигар…

 

Тай шуд ҳазорҳо раҳу ҷуз дар раҳи хаёл

Бори дигар надидамат, эй аспи бодпо.

Ту то куҷо даввидию ку он савораат,

Ӯро ту дар ҷавонияш афкандӣ дар куҷо?

 

ФАРЗАНДИ ДЕҲҚОН

Хаёли деҳа бӯи деҳа дорад

Барои ҳамчу ман фарзанди деҳқон.

Чу ёди кишту саҳро мекунам ман,

Хаёлам мешавад абри баҳорон.

 

Агарчи пинае дар дасти ман нест,

Нагӯям кори номушкил гирифтам,

Ки чоки пою дастони падарро

Чу мероси падар дар дил гирифтам.

 

Гар аз гулхору аз санги адирҳо

Кунун дар пойи ман кам монда осор,

Даруни синаам ҷар мешавад санг,

Даруни синаам гул мекунад хор.

 

Хароши сангу гулхору хаси деҳ

Чи дарде буд, ки акнун гашт дармон.

Ман онро дар дилам овардаам шаҳр,

Ман аз он дарди ширинам ғазалхон.

 

Замини шеъри ман гӯри сухан нест,

Давоми кӯҳу саҳрои диёр аст.

Забони модарии зиндаи ман

Забони барқу борони баҳор аст.

 

Лабамро чашмаҳо бикшода бар шеър,

Диламро гиряҳои обшорон.

Хате не, ҷӯ ба ҷӯ дар дафтари ман

Расида оби дарёи Зарафшон…

 

Агар аз номи ман сатре бимонад,

Шумо, хонандаҳо, сатраш нахонед,

Ба ҳукми мисрае аз киштзорон

Ба назм оварда огардаш бидонед.

 

Давоми шир-шири барги алафҳост

Ҳиҷову ҳарфи ман дар шеъри озод.

Ғазалҳои маро дар шабдаравҳо

Ману шаббодаҳо кардем эҷод.

 

КУЛБАИ МОДАР

Дар навдаи тути модар овезон

Чун халтаи чакка халтаи маҳтоб.

Дар кундаи тути модар овезон

Чун халтаи моҳ халтаи ҷурғот.

 

Шаб аз лаби боми кулбаи модар

Ҳамчун зари об мечакад маҳтоб.

Аз халтаи моҳу халтаи ҷурғот

Ҳамчун зари ноб мечакад зардоб.

 

Дар хоби шабам ҳанӯз бехотир

Ман дар тани кӯдакӣ фурӯ рафта,

Худро таги тути пухта мебинам,

Дар жолаи туту тутборонаш

Як мушт ятими хуфта мебинам.

Додар ба бағал гирифта додарро,

Хоҳар ба бағал гирифта хоҳарро.

Як мушт ятими хуфтаро модар

Дар тахтаи дил гирифта мехобад,

Дар пахтаи дил гирифта мехобад.

Сар монда ба тахтаи дили модар,

Сар монда ба пахтаи дили модар,

Бо чак-чаки чакка мебарад хобам,

Чун равғани маска мебарад хобам.

 

Дар ҷогаҳи мо, ки тут мерезад,

Чун жола, ки моҳи ҳут мерезад.

Хамёза, ки мекашӣ ба нохост,

Шаб дар даҳани ту тут мерезад.

 

Вақте ки сапеда деги гардунро

Чун модари ман ба рег мешӯяд,

Вақте ки сапеда гови гардунро

Чун модари ман пагоҳӣ медӯшад,

Бо шир-шири шир мешавам бедор,

Бо шир-шири ширдӯшии модар…

 

Вақте ки аз ин миёна бархезам,

На мушти ятими хуфта мебинам,

На дасти бағалгирифта мебинам,

На навдаи тути пухта мебинам,

На! На! На ба мушт навдаи туте,

Танҳо ману мушти сахти калтуте.

 

Ман аз тани кӯдакии ман ҳар бор

Чун мурғи пагоҳӣ мешавам бедор,

Чун мурғи пагоҳӣ сина мекӯбам,

Чун мурғи пагоҳӣ мезанам фарёд,

Чун мурғи пагоҳӣ мекунам ку-ку:

 

Ку хоҳаракони хонарӯбам, ку?!

Сад соли дароз хона норуфта.

Ку додаракони хонабонам, ку?!

Сад соли дароз хона бесоҳиб.

Ку модараки сағерабонам, ку?!

Сад соли дароз дег ношуста,

Дегу табақаш ба рег ношуста!

 

На чак-чаки халтаҳои хобовар,

На шир-шири ширдӯшии модар,

Девори гилеву сояравшанҳо,

Девори дилеву сояравшанҳо.

Дар шохи чанор халтаи маҳтоб,

Аз халтаи сина мечакад зардоб.

 

КӮҲИ ЛОЛАГАРДАН

Ин кӯҳи лолагардан монанди дилбари ман

Аз мавҷи лола хуни гарми занона дорад.

Ин дарраи чаканпӯш сурхида то баногӯш,

Шарми занона дорад.

 

Ин чашмаро нигаҳ кун, як лаҳза тарки раҳ кун,

Ин чашма мезанад чашм, чашми занона дорад.

Аз ташнагии чашме як чашмаро бинӯшӣ,

Узру баҳона дорад.

 

Дар хӯшаҳои гандум, дар мижжаҳои гандум

Як дашти мижаанбӯҳ хоби шабона дорад.

Ҳай мижжа мезанад дашт, ҳай мижжа мезанад дашт,

Мижгони шарфадори тези занона дорад!

 

Ин боғи пофишурда сад тири жола хӯрда,

Аз ғунчаи фасурда доғи занона дорад.

Аз ёри бедимоғе, аз ишқи доғ-доғе

Боғе нишона дорад.

 

Ин беди тарфи барзан,

Беде, ки остинро бинмуда бодбезан,

Дар остини сабзаш дасти занона дорад,

Дасти занонаи бед набзи занона дорад,

 

Эй беди тарфи барзан, боде бизан ба ман ҳам,

Як дам ба дасти ман деҳ дасти занонаатро,

Баргу ҷавонаатро,

Бо набзи худ кунам ҷӯр набзи занонаатро.

 

Эй кӯҳи лолагардан, хам кун ба ман ту гардан,

То дар танам равонам хуни занонаатро.

Ҳо чашмаи пурафсун, дар чашми ман нигаҳ кун,

Дар чашми худ кунам ҷо чашми занонаатро.

 

Аз ман ту рӯ магардон, эй боғи пофишурда,

Бикшо ба ман дилатро, эй ёри жолахӯрда!

То дар дилам бигирам доғи занонаатро.

Як дам ҳавои борон, як дам чароғи тобон,

Обу ҳавои найсон феъли занона дорад.

Дигар хабарҳо