Робияи Холмирзо. Гунаҳ.

 Робияи Холмирзо. Гунаҳ.

Модар, маро бубахш, ки рафтам паи ҳавас,

Будам ҷавону бехабар аз дарду ранҷи роҳ.

Оре, рафиқи нимараҳе буд ёру монд

Як духтаре миёни раҳу як бағал гуноҳ…

Эй рӯди поки умр, ки дарёи ғам шудӣ,

Ҳар шеъру байту ҳарфу ҳиҷоям барои туст,

Лабхандаи дурӯғи маро дарк мекунӣ,

Эй модаре, ки хотираҳоям садои туст?

Ишқу ҳаёву фосилаҳову сукуту ғам…

Оре, падар зи рафтанам он лаҳза қаҳр дошт,

Модар, маро бубахш, ки ашки ту рехтам.

Шаҳде ба номи ишқ бихӯрдам, ки заҳр дошт…

 

Субҳ шуд модар…

Як чаман гулҳои испед аз замини орзу рӯйид,

Субҳ шуд, модар!

Боядам роҳи сафар пӯйид…

 

Бод меорад дамодам накҳати оғӯши ёре,

Мешавад пур ошёни синаи ман аз хуморе.

Меравам он ҷо, ки ҳоло рафтани ман фарз бошад,

Меравам он ҷо, ки ҳоло интизорам ҳаст ёре.

Модаро, бикшо гираҳ аз абрувони хеш охир,

Шояд он ҷо уқдаеро во ҳамесозам зи коре,

Менишонам ман ғариберо ба зери сояи зулф,

Мечашонам ташнаеро обшеъри хушгуворе,

Меравам ин субҳ шаҳри вожаҳои офтобӣ,

К-андар он ҷо мардумонанд интизори шаҳрёре…

 

Субҳ шуд, модар,

Оҳ аз ин тифлат, ки майлаш бар тамошост,

Меравад, аммо намедонад, ки роҳаш то куҷоҳост…

 

Достони модар

Пас аз модар нигоҳи меҳрубоне дидаӣ оё?

Чу ҳаҷри модар, эй дил, имтиҳоне дидаӣ оё?

Ҳама афзуд ранги тоза дар ин достон аммо

Бад-ин сон нотамомӣ достоне дидаӣ оё?

Ту эй дил, мурғаки овораи садошёнгашта,

Мисоли чашми модар ошёне дидаӣ оё?

Басе нону намак дидем, аммо ростӣ, эй дил,

Чу қалби модарам густарда хоне дидаӣ оё?

Бидидӣ шодиву ҳам ғам, шиноси мардуми олам,

Вале чун модар, эй дил, ҷони ҷоне дидаӣ оё?

 

Ёди модар мекунам.

Навҳаи барги хазон аст

Дар сари дору дарахтон.

Мефитад аз мижжаи ман

Баргҳои ашки сӯзон…

 

Ҳузни чашмат нола дорад,

Қиблагоҳам, шаҳчинорам.

Эй падар, эй пораи ҷон,

Эй умеди рӯзгорам…

 

Қомати сарви ту хам зад,

Додари уммедворам.

Гиря бас кун, хоҳари ҷон,

Тоқати ашкат надорам…

 

Садқаи хоки мазорат,

Лолаҳои доғдорат,

Ёдҳои ёдгорат…

Ёди модар мекунам…

 

Моҳи модар

Гар ёбамат дубора, эй рӯдбори ҷорӣ,

Резам ба пеши поят борони дӯстдорӣ.

Берангу бетароват, оре, тиҳӣ зи ишқанд,

Рӯшан бисоз ёдам бо меҳру дӯстдорӣ.

Ях бастааст қалбам, ях бастааст олам,

Хоҳам, ки аз бароям хуршедро биёрӣ.

Ранҷуру беҳимоят монанди осмонам,

Имшаб биё ба хобам, то моҳро биёрӣ.

Модар, дубора бахшо, бар одамон муҳаббат,

З-он ки азизӣ модар, з-он ки бузургворӣ…

 

Чашмаи меҳр

Туро чу ёд мекунам,

Дилам ба ёди он ҳама навозишу муҳаббату самимият

Ва чашмҳои пур зи иффату шафоатат

Дубора дард мекунад!

Чу меравӣ яке зи ёди ман,

Зи нав ба хонаи ту меравам,

Ва гиря мекунам дар остонаат,

Дар остонае, ки нақши пои меҳрубони ту дар он,

Чунонки андаруни пораҳои шеърҳои ман,

Сафеду сабзу ҷовидона нақш бастааст,

Даме, ки мешамам ҳавои хонаат, ки пур зи атри ёдҳои туст,

Дилам сукут мекунад,

Дубора об мешавад,

Дубора дард мекунад…

Туро, ки ҳамчу дардҳои ман муқаддасӣ,

Туро, ки чун Худои ман муқаддасӣ,

Қасам ба шири поки ту Ҳамеша ёд мекунам…

***

Борон, ту ба чашмони тарам мемонӣ,

Бо гиряи худ ба хоҳарам мемонӣ.

Дарё шуду об гашт модар зи ғамам,

Оре, ба Худо, ба модарам мемонӣ.

***

Борон, ту биё, ба ҳоли ман, гиря кунем,

Бар хандаи гирядори ман гиря кунем.

Аз рафтани модар он қадар сӯхтаам,

Бар сӯзиши қалби зори ман гиря кунем.

***

Чун ту фарде азизу якто нест,

Чун ту фарде ба қалби мо ҷо нест.

Модари меҳрубону дилбандам,

Бе ту ҳатто баҳор зебо нест…

***

Гуфтӣ, бикушо панҷараро, ки саҳар аст,

Гуфтӣ, ки бубин баҳор дар пушти дар аст.

Бигзор марову худ бирав сайри баҳор,

Эй дӯст, ба ёди модарам дида тар аст…

*** Тамоми пайкарам месӯзад имшаб,

Ба гардун ахтарам месӯзад имшаб.

Дилам аз дори дунё сард гашта,

Барои модарам месӯзад имшаб.

Дигар хабарҳо