ИЗЗАТБЕК ИДИЗОДА 15 декабри соли 1953 дар ноҳияи Комсомолобод (имрӯза Нуробод) чашм ба олам кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна (1971) ба факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1976 хатмаш кардааст. Муддате котиби масъули рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Комсомолобод», котиби масъули Ҷамъияти «Дониш»-и ноҳия ва муҳаррири варзидаи идораи «Ахбор»-и Радиои Тоҷикистон, ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Қонун […]Идома...
ОБИД ИСМАТӢ соли 1905 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби куҳна фаро гирифта, соли 1919 курси омӯзгориро хатм ва дар мактабҳои аввалини шӯравӣ муаллимӣ кардааст. Баъди хатми Институти муаллимини Тошканд, соли 1928, ба Душанбе омадааст. Даставвал муаллимӣ карда баъдан роҳбари курсҳои омӯзгорӣ ва муаллими Донишгоҳи давлатӣ, баъдан котиби масъул ва мудири шуъбаи […]Идома...
ОЛИМХОН ИСМАТӢ 28 феврали соли 1958 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ зода шудааст. Соли 1978 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан муаллим, хабарнигори рӯзномаи «Машъал»-и ноҳия, ходими нашриёти «Адиб», муҳаррири нашриёти «Шарқи Озод» будааст. Ҳоло дар Масчоҳи Нав кору зиндагӣ мекунад ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Машъал» мебошад. Ба навиштани шеърҳои бачагона, […]Идома...
ҶАМОЛИДДИН КАРИМЗОДА 24 июли соли 1944 дар деҳаи Дашти Рази ноҳияи Норак зода шудааст. Хурдсол аз падар маҳрум монда, зиндагии сахтеро аз сар гузарондааст. Соли 1962 мактаби миёнаи ба номи Абӯалӣ ибни Синои ноҳияи Бохтар, соли 1967 факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Сипас дар нашриёти «Ирфон» ва Студияи телевизиони […]Идома...
САЛИМ КЕНҶА 31 марти соли 1936 дар гузари Кенҷаёғчии шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст. Мактаби ҳафтсолаи №31 ноҳияи Самарқандро (1951) итмом бахшида, солҳои 1951-1956 дар Омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд, солҳои 1958-1963 дар шуъбаи шабонаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил кардааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1958 оғоз намуда, солҳои 1958-1963 дар мактаби миёнаи №32 ноҳияи Самарқанд муаллимӣ кардааст. […]Идома...
МИРЗО КЕНҶА 1-уми майи соли 1961 зодаи Душанбешаҳр, таҳсилдидаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ашъораш аз тариқи нашрияҳои ватанию кишварҳои ҳамзабон, ҳамчунин маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ба табъ расидаанд. Соли 2010 ду маҷмӯаи ашъораш таҳти унвони «Панҷаи хуршед» ва «Шарфаи пои ошно» аз тариқи нашриёти «Адиб» дастраси хонанда гардид. Як силсила шеърҳои шоирони рус – аз ҷумла […]Идома...
ЛАТОФАТ КЕНҶАЕВА (тахаллуси шоирияш Сабрин) 8 июни соли 1950 дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №1 ноҳия, соли 1967, донишҷӯи шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1972 бо дипломи аъло тамом кардааст ва дар Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ба кор пардохтааст. Аз […]Идома...
ВАСИЛИЙ КИРИЛОВ 25 октябри соли 1907 дар шаҳри Челябинск таваллуд шудааст. Соли 1937 шуъбаи русии факултаи филологияи Университети давлатии Ленинградро хатм карда, барои кор ба Душанбе омадааст. Дар мактаби миёна ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе муаллимӣ кардааст. Соли 1942 ихтиёран ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, дар рӯзномаҳои ҳарбӣ адои хидмат кардааст, дар озод кардани Киев, […]Идома...
ҚУТБӢ КИРОМ 18 декабри соли 1932 дар деҳаи Урметани ноҳияи Заҳматобод (ҳозира Айнӣ) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1953 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, муддате дар мактабҳои ноҳия омӯзгор ва дар рӯзномаи ноҳиявии «Роҳи коммунизм» ходими адабӣ будааст. Баъдан дар вазифаҳои мудири шуъбаи моҳномаи «Шарқи Сурх», муҳаррири барномаҳои адабии Кумитаи давлатии садо ва […]Идома...
МӮЪМИН ҚАНОАТ 20 майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳон омадааст. Нахустин ашъорашро ҳангоми таҳсил дар мактаб-интернати Ғарм суруда, дар рӯзномаи ноҳиявӣ ба чоп расондааст. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод (1951) муҳассили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин шуда, дар баробари омӯхтани донишҳои бунёдӣ, ҷиддан […]Идома...