Гулназар Келдӣ) 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Баъди бо нишони тилло фарҷом бахшидани мактаби миёнаи деҳа, соли 1961 вориди факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1966 бо дипломи сурх анҷомаш додааст. Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз намуда, то мақоми муовини сармуҳаррири […]Идома...
ГУЛНОЗ (Тойирова Гулноз) 13 феврали соли 1973 дар деҳаи Хайрободи ноҳияи Масчоҳ пой ба арсаи ҳастӣ гузоштааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш фаро гирифта, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро дар мактаби миёнаи №23 зодгоҳаш оғоз карда, муддате дар рӯзномаи «Нилуфар» фаъолият бурдааст. Ҳоло котиби масъули шуъбаи Суғди […]Идома...
САМАД ҒАНӢ 2 ноябри соли 1908 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Дар Дорулмуаллимини Самарқанд, курси ходимони молияи Тошканд, мактаби ҳизбӣ ва курси рӯзноманигорони назди КМ КПСС таҳсил ва дар рӯзномаҳои Самарқанду Тошканд кор кардааст. Муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», корманди Институти марксизм-ленинизм, муҳаррири моҳномаи ҳаҷвии «Хорпуштак» будааст. Фаъолияти меҳнатияш аз солҳои сиюм оғоз ёфтааст. Муаллифи […]Идома...
САЙЁД ҒАФФОР 4 январи соли 1962 дар ноҳияи Нуробод ба ҷаҳон омадааст. Соли 1988 факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардат. Солҳои 1990-1995 муҳаррири шуъбаи забонҳои нашриёти «Маориф» будааст. Соли 1996 дар маҷаллаи «Фарҳанг» ба кор пардохта, солҳои 2001-2003 вазифаи сармуҳаррии онро бар уҳда доштааст. Ҳамзамон, солҳои 2001-2004, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Адабиёт ва […]Идома...
ҲАҚНАЗАР ҒОЙИБ 7 январи соли 1943 дар деҳаи Офтоблиқои ноҳияи Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогӣ (1960) ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1966), як сол омӯзгорӣ карда, аз соли 1966 машғули рӯзноманигорист. Дар асосҳои ҷамъиятӣ раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маданият (1966-1970), сарвари Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Кӯлоб (1974-1981), котиби […]Идома...
ҲАСАНБОЙ ҒОЙИБ шоир, тарҷумон ва публитсисти шинохтаи ўзбекзабони Тоҷикистон буда, 1 январи соли 1968 дар шаҳри Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Таҳсилоти олӣ дошта, факултаи металлургияи Донишкадаи политехникии Қазоқистон ба номи В. И. Ленинро бо ихтисоси муҳандис — механик хатм намудааст. Айни замон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» фаъолият менамояд. […]Идома...
МУҲАММАД ҒОЙИБ 16 марти соли 1954 дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара ба ҷаҳон омадааст. Соли 1972 Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб, соли 1977 факултаи риёзиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм кардааст. Аммо меҳри сухану истеъдоди зотӣ ӯро ба муҳити суханварон кашидаанд. Муддате корманди Кумитаи радио ва телевизони тоҷик дар вилояти Кӯлоб, солҳои 1987-1990 хабарнигори ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», […]Идома...
ҚУВВАТ ДАВЛАТ 26 апрели соли 1952 дар деҳаи Табушни ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ таваллуд шудааст. Соли 1970, баъди хатми мактаби миёна, ба хизмати низомӣ рафта, соли 1973 вориди факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе гардидааст. Соли 1977, баъди хатми донишгоҳ, дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба кор пардохтааст. Ширкатвари фестивали ХI шоирони ҷавони шӯравӣ дар шаҳри […]Идома...
БОЛТАҚУЛ ДИЁРӢ 6 апрели соли 1914 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1941 факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм кардааст. Аз соли 1932 муаллими мактаб, муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон, хабарнигори рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар Самарқанд будааст. Асосан барои кӯдакону наврасон эҷод мекард, ки дар китобҳои «Баҳори меҳнат» (1933), «Гулҳои ҳаёт» (1934), […]Идома...
ШОҲМУЗАФФАР ЁДГОРӢ 1 январи соли 1940 дар деҳаи Бузкушаки ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Мактаби миёнаро дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ хатм карда, вориди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1962 ба итмом расондааст. Баробари хатми донишгоҳ ба кори матбуот гузашта, дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», аз соли 1980 […]Идома...