Бо Шоҳмузаффар Ёдгорӣ хеле дер, ба хаёлам моҳҳои охири пеш аз хатми Донишкадаи давлатии омўзгории пойтахт тасодуфан ҳамсуҳбат шудам. Аз як деҳа будем, шогирди як мактаб, дар Душанбе мезистем , вале чунин ҳолат бори аввал рух дод. Вақти ғуруби хуршед сари тан ҳо аз гулгашти назди бинои муҳташами КМ (хиёбони он давраи ба номи Ленин) мегузаштам, […]
Маҳфилҳои адабӣ дар Иттифоқи нависандагон зуд-зуд баргузор мешаванд, аммо нишасте, ки ба 120-солагии Пайрав Сулаймонӣ ихтисос дошт, аз маҳофили пешин хеле тафовут дошт. Тафовуташ ҳамин буд, ки сари масъалаи мақоми Пайрав Сулаймонӣ дар адабиёти тоҷик ва ҳусну муаммоҳои шеъраш миёни адибону муҳаққиқон баҳси судманде ба вуҷуд омад. Маҳфилро муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа оғоз бахшида, […]Идома...
«Мардум бо нигоҳи зиракона ва хирадмандонаи Айнӣ аз барору нокомиҳои ниёгон дар набарди зиндагӣ огоҳ шуданд.» Эмомалӣ РАҲМОН Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бисёр қаҳрамониҳо кардааст, вале яке аз нахустин ва бузургтарин қаҳрамониҳояш, бешубҳа, «Намунаи адабиёти тоҷик» аст, ки мисолҳои дурахшонеро қотеъона ба муддаиёни муғризу бебунёд расонид ва фарҳанги ҳазорсолаамонро бебокона аз турктозиҳои замон раҳонид. Аз […]Идома...
Бозор Собир шоири боистеъдод, лирики хуштабъ аст. Шеърҳои ӯро дӯст медорам… Сотим УЛУҒЗОДА Дар тасаввури шоир ин олами бебадал оғоз ва анҷоми ӯст. Пайвастагӣ ва дилбастагии шоир ба кӯҳ, деҳа ва рӯд чандон устувор аст, ки дар ҳар шеър зикри онҳо меравад. Муъмин ҚАНОАТ Дар қарни ХХ дар адабиёти тоҷик ва ҳатто форсизабонон шоире дар тасвир мисли […]Идома...
Имрӯз шоири бе гумон баландистеъдод, пайваста дар ҷустуҷӯ, бинобар ин назараш ба бисёр масъалаҳои зиндагӣ пуртазоди мо Бозор Собир 80-сола мешуд. Мулоҳизаҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор ТУРСУН дар бораи Устод Бозор СОБИР бисёр ҷолиб ва, билхосса, барои насли нави эҷодкор қобили таваҷҷуҳ ва омӯзиш хоҳанд буд… Набояд фаромӯш кард, ки ҳар як миллат, агар инсоне […]Идома...
Низом ҚОСИМ Шамсиддини Шоҳин аз охирин ҳалқаҳои заррини силсилаи шоирони классики мост, ки як давраи бузурги адабиётамонро анҷом мебахшад ва ҳамроҳ бо Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Нақибхони Туғрал, Ҳоҷӣ Ҳусайн ва Зуфархон Ҷавҳарӣ ҳусни хотимаи он мебошад. Дар ин ҳамоиши илмию адабӣ ҷиҳатҳои муҳимми ҳаёту эҷодиёти ў ҳатман мавриди таҳлил қарор мегиранд, мо танҳо як ҷиҳати он […]Идома...
(боз аз ғалатҳои фаҳш дар тақвимсозӣ) Солҳост, ки дар рӯйи мизи кормандони соҳаҳои гуногуни ҷомеа тақвимҳои рӯимизии аз ҷониби нашриёти «Шарқи озод» батабърасида гузошта мешаванд ва ҳазорҳо нафар гунаи ғалати байтҳои шоирони классикамонро аз онҳо мехонанду ҳифз менамоянд. Таҳиякунандагони ин тақвимҳо, ки аз муҳимтарин ҷузъиёти техникии шеър, ба мисли вазну қофия, огоҳӣ надоранд, бепарвоёна онҳоро […]Идома...
Нахустин китоби Фазлиддин Муҳаммадиев таҳти унвони «Муҳоҷирон» бист сол муқаддам интишор ёфта буд. Аз очерку ҳикояҳои ин маҷмӯа бармеомад, ки ба ҷодаи адабиёт як нависандаи баистеъдод қадам гузоштааст; нависандае, ки дили пурэҳтиросу ҳаҷви нозук ва ҷаҳонбиниву мавзӯи баландтар дорад, забон ва тарзи баёнаш покизаву ҳамвор аст. Инак, бист сол боз китобҳои Фазлиддин Муҳаммадиев пайиҳам ба […]Идома...
Китоби тозанашри «Чароғи сурхи танҳоӣ»-и Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, ки рубоию дубайтӣ ва муфрадоти солҳои гуногун эҷодшудаи ӯро фаро гирифтааст, дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибону пажӯҳишгарон ва мухлисони шеър рӯнамоӣ шуд. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа суҳбатро бо рубоии зери Гулрусхор, ки як навъ баёнгари симои эҷодию инсонии ӯст, оғоз намуд: Ман дар нафаси шитоби худ хоҳам зист, Дар ҳар […]Идома...
ХУДОӢ ШАРИФОВ, аз китоби “Савти аҷам”, Душанбе, 2002 Таҳсили ибтидоиашро Муъминшо дар ҳамон деҳаи Курговад сар кард. Мактаб дарсхонаи муқаррарии тоҷикӣ, барномаҳои расмии давлатӣ, дар оғоз бо алифбои лотинӣ пас аз соли 1940 бо алифбои русӣ буд. Ҷиҳати ҷолиби дарсҳо, бо иловаи ахбору нақлу ривоятҳои халқию адабӣ, таълими забони русӣ буд. Барои мардуми маҳаллӣ забони […]Идома...



