Хабари нохуше аҳли адабро андуҳгин намуд. 27- уми январ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири хушзавқ ва пурмаҳсули кӯдакон Эгам Назрулло дар синни 74-солагӣ оламро падруд гуфт. Мавсуф умри худро, ҳам бо роҳи таълим дар мактаби миёна ва ҳам бо эҷоди шеърҳои рангину хонданӣ, вақфи кӯдакону наврасон кард. Соли 1982, баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба […]Идома...
Имрӯз дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳайати кормандони Иттифоқи нависандагон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастҷамъона тамошо карданд. Бояд гуфт, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат дастовардҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта зикру баррасӣ гардида, нақшаҳо […]Идома...
«Шоҳнома»—и Абулқосим Фирдавсӣ ба тамоми мардуми Тоқикистон дастрас мегардад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабр зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳар чи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдоди хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат […]Идома...
29 ноябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол» ҷамъбаст гардид. Дар бахши назм ҷои аввал ба китоби «Меҳвари меҳр»-и Раҳмат Назрӣ (нашриёти «Адиб»), ҷои дуюм ба китоби «Шаббода»-и Иззатбек Идизода (нашриёти «Адиб») ва ҷои сеюм ба Исмоил Зарифӣ барои таҳияи 3 китоби шеъри Эрон — «Ҳафт китоб», «Девони ғазалиёт» ва «Куллиёт» (ҶДММ […]Идома...
Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ озмуни асарҳои адабиву ҳунарӣ, меъморӣ ва публитсистиро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иоми Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 эълон мекунад. Пешбарӣ ва қабули асарҳои довталабон то 25-уми декабри соли 2023 сурат мегирад. Ба озмун асарҳое, ки дар соҳаҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика ҳамчун […]Идома...
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон ва профессор Равшан Раҳмонӣ ба ҷоизаи байналмилалии Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ сарфароз гардиданд. Ҷоизаи мазкур дар ҷаласаи умумии Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба муносибати бузургдошти 1050-солагии Абурайхони Берунӣ таҳти унвони “Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат”, ки бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ЮНЕСКО […]Идома...
5-уми октябр қалби яке аз устодону олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ, узви ИНТ Муртазо Зайниддинзода дар синни 65-солагӣ аз тапидан бозмонд. Муртазо Зайнидинзода 30 декабри соли 1958 дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд таваллуд шуда, соли 1976 мактаби миёна, соли 1981 факултети филологияи […]Идома...
Дар забоншиносии муосир бунёди забоншиносии муқоисавии таърихиро ба номи забоншинос ва ҳиндшиноси британӣ Вилям Ҷонс (William Jones) (1746-1794) марбут медонанд, ки дар як суханронияш соли 1786 дар бобати қаробати забонҳои юнонию лотинӣ бо санскрит изҳори назар кард ва дар доираҳои илмии онрӯзаи Аврупо аз мавҷудияти хонаводаи ягонаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ хабар дод. Баъдан ин андеша […]Идома...
30 сентябр — Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ 30-юми сентябри соли 1207 дар Балхи бостон ва ба ишораи сарчашмаҳою маъхазҳои боэътимод, дар Вахшонзамини Тоҷикистон зода шуда, бо мероси гаронмояаш шуҳратёфта дар Қунияи Рум (Туркия) ба шумор меравад. Дар ин бора шогирдаш Шамсуддин Аҳмади Афлокӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ ва хеле баъдтар Алиакбари Деҳхудо дар […]Идома...
Давраи сеюми Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе, ки имсол низ бо вижагиҳои хоси худ барқарор гардид, аз 14 то 22 август, 8 рӯз идома дошт. Дар озмуни имсолаи пойтахт 357 нафар довталаб иштирок дошанд, ки аз онҳо 120 нафар ғолибият ба даст оварданд ва ҳама бо ҷоизаҳои пуливу ифтихорнома тақдир карда […]Идома...



