Китоби «Тоҷикон» барои ҳавзаи фарҳангии забони тоҷикӣ – форсӣ, пеш аз ҳама, Афғонистон ва Эрон низ бо хати ниёгон ба табъ расид. Олими дақиқкор бо ин асари худ таърихи миллатеро, ки дар илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни башарӣ нақши барҷаста бозидааст, аз нав зинда гардонид. Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ дар шоҳасари […]Идома...
Ҷашн ва ё ид (иттифоқан, ҳарду вожа асли форсӣ-тоҷикӣ дошта, ба маънои ойинҳои шодмонӣ далолат мекунанд) вуҷуди фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зиндагии башарӣ муаррифӣ месозанд. Мунтаҳо, ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуғрофиёи мушаххас таъйину таъйид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ […]Идома...
Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем. Эмомалӣ РАҲМОН Волотарин ҳадаф ва орзуву ормони ҳар як миллат шукуфоии ҳамешагии Ватан ва таъмини амнияти устувори […]Идома...
Хабари нохуше аҳли адабро андуҳгин намуд. 27- уми январ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири хушзавқ ва пурмаҳсули кӯдакон Эгам Назрулло дар синни 74-солагӣ оламро падруд гуфт. Мавсуф умри худро, ҳам бо роҳи таълим дар мактаби миёна ва ҳам бо эҷоди шеърҳои рангину хонданӣ, вақфи кӯдакону наврасон кард. Соли 1982, баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба […]Идома...
Имрӯз дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳайати кормандони Иттифоқи нависандагон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастҷамъона тамошо карданд. Бояд гуфт, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат дастовардҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта зикру баррасӣ гардида, нақшаҳо […]Идома...
«Шоҳнома»—и Абулқосим Фирдавсӣ ба тамоми мардуми Тоқикистон дастрас мегардад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабр зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳар чи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдоди хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат […]Идома...
29 ноябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол» ҷамъбаст гардид. Дар бахши назм ҷои аввал ба китоби «Меҳвари меҳр»-и Раҳмат Назрӣ (нашриёти «Адиб»), ҷои дуюм ба китоби «Шаббода»-и Иззатбек Идизода (нашриёти «Адиб») ва ҷои сеюм ба Исмоил Зарифӣ барои таҳияи 3 китоби шеъри Эрон — «Ҳафт китоб», «Девони ғазалиёт» ва «Куллиёт» (ҶДММ […]Идома...
Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ озмуни асарҳои адабиву ҳунарӣ, меъморӣ ва публитсистиро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иоми Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 эълон мекунад. Пешбарӣ ва қабули асарҳои довталабон то 25-уми декабри соли 2023 сурат мегирад. Ба озмун асарҳое, ки дар соҳаҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика ҳамчун […]Идома...
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон ва профессор Равшан Раҳмонӣ ба ҷоизаи байналмилалии Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ сарфароз гардиданд. Ҷоизаи мазкур дар ҷаласаи умумии Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба муносибати бузургдошти 1050-солагии Абурайхони Берунӣ таҳти унвони “Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат”, ки бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ЮНЕСКО […]Идома...
5-уми октябр қалби яке аз устодону олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ, узви ИНТ Муртазо Зайниддинзода дар синни 65-солагӣ аз тапидан бозмонд. Муртазо Зайнидинзода 30 декабри соли 1958 дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд таваллуд шуда, соли 1976 мактаби миёна, соли 1981 факултети филологияи […]Идома...



