Солҳои охир ба шарофати таваҷҷуҳи роҳбарияти давлатамон ба маънавиёт мардум ба китобхонӣ бештар аз пештар рӯй овардаанд, ки хеле хушоянд аст. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шавқи мутолиаи китобро дар замири хурду калон афзуда, барои рушди маънавияшон ангеза бахшид. Ҳамасола китобхонҳои бисёр аз ҳама гӯшаву канори кишварамон дар ин озмун ширкат меварзанд. Дар […]Идома...
Ба муносибати Рӯзи Китоб Дар низоми сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба китоб ва китобхонӣ мақоми шоиста дорад. Пешвои миллат бо эътимод ба ин матлаб, ки “Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст» ва “китобхонӣ ҷузъи муҳими тарбияи […]Идома...
Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба адабиётшиноси тоҷик ва профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев ордени «Дӯстӣ» тақдим карда шуд. Ин мукофотро ба Садрӣ Саъдиев барои саҳм гузоштанаш дар таҳкими дӯстии сокинони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон додаанд.Идома...
Адабиёти кӯдакону наврасон дар тарбияи бачагону навҷавонон нақши муассир дорад. Бо назму насре, ки барои бачаҳо эҷод гардидааст, метавон зеҳни ононро инкишоф дод. Натанҳо фанни забон ва адабиёт, балки фанҳои дигар, амсоли ҷуғрофиё, риёзӣ ва табиатшиносиро низ метавон бо шеър дар зеҳни кӯдак ҷо намуд. Аз ин рӯ, рушду нумуи адабиёти кӯдак амри зарурист. Дар […]Идома...
Бад нест ба унвони муқаддима нигоҳи мухтасаре ба шеъри форсии имрӯз ва буҳронҳои пешраваш дошта бошем. Мусалламан буҳрони шеъри мо буҳрони мухотаб нест (махсусан дар маҳдудаи ҷуғрофиёии Эрон, ки ағлаби мардум ё шоиранд ё шеърдӯст), буҳрони фурм (сурат) ва бозиҳои забонӣ ва тасвирҳои шоирона ҳам наметавонад бошад, буҳрони вазн, қофия, радиф ва ҷанги ҳамешагии шеъри […]Идома...
Ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Истиқлолияти миллию давлатӣ орзуи ҳар халқи хештаншинос аст. Халқе, ки истиқлолияти давлатӣ надорад, кӯдаки дар гаҳвора дасту побастаеро мемонад, мурғест, ки ҳаваси парвоз дораду болу параш баста аст. Хушбахтона, дар интиҳои қарни бист кишвари мо соҳибистиқлол гашт. Ин роҳи пурпечутоб ва душворро мардуми мо бо таҳаммул ва диловарию муборизаҳо […]Идома...
Ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду боландагии тамоми самтҳову шохаҳои ҳаёту фаъолиятамон муҳимтарин ва мустаҳкамтарин заминаҳоро фароҳам овард. Завлонаҳои мафкуравию идеологие, ки дар имтидоди солҳои тулонӣ пеш аз он ба гардан доштем, ба баракати Истиқлол гусаставу шикаста шуд ва руҳу андешаи миллиямон арсаи тозае барои оғозҳову парвозҳои нав пайдо […]Идома...
Ба муносибати 30-солагии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суруди миллӣ яке аз арзишҳои олии ватандӯстӣ ва давлатдории тоҷикон ба ҳисоб рафта, дар радифи муқаддасоти миллии мо қарор дорад. Сурудан ва садо додани Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосии Истиқлоли давлатӣ ва худсолории миллӣ буда, барои ҳар ватандор лаҳзаи ифтихору сарбаландист. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7-уми сентябри соли […]Идома...
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маросими супоридани унвони давлатӣ ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода зимни ироаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъала ба 7 нафар Ҳайати ҳунарии филми «Роҳ», муаллифи филмнома Сафар Ҳақдод, оҳангсоз […]Идома...
3-юми сентябр, дар Кохи “Суруш” ба муносибати 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб маҳфили эҷодӣ таҳти унвони “Меҳри ватан” баргузор гардид. Дар маҳфил аҳли фарҳангу зиё ва ҳаводорони шеър ҳузур доштанд. Маҳфил бо намоиши филми мустанаде, ки пиромуни рӯзгору эҷоди Муҳаммад Ғоиб таҳия гардида буд, оғоз гардид. Муҳаммад Ғоибро масъулини ниҳодҳои давлатӣ ва Иттифоқи нависандагони […]Идома...



