(Дар ҳошияи як китоби муҳим) Нависанда, шоир ва публитсист, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа имсол бо ташаббуси наҷибе баромад кард. Вай ба номи “Иттифоқи нависандагон ва рушди адабиёти тоҷик” китоберо аз таърихи ташаккули иттиҳодияи эҷодии адибони кишвар ба табъ расонд. Муаллиф ин асарро зимни матолиби бойгониҳо ва матбуоти ҳамон давра навишта, […]Идома...
30 октябри соли 2020 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намудани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмӣ баргузор гардид. Хотиррасон бояд намуд, ки рўзи 11 октябри соли 2020 ба тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 90,92 […]Идома...
7-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки дар ин лаҳзаҳо аз рўи панҷ номинатсия идома дорад. Дар оғози маросими бошукўҳ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зикр намуд, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва […]Идома...
Халқи тоҷик аз қадимтарин мардумони соҳибтамаддуни ҷаҳон буда, ба зумраи халқҳое дохил аст, ки нахустин давлати мутамаддини башариро ба миён овардаанд. Вале борҳо бо таъсири душманон давлатҳои сохтааш аз байн рафтаанд. Ҳамин аст, ки дар тўли таърих давлати Ҳахоманишиён ба дасти Искандари юнонӣ ва давлати Сосониён ба дасти арабҳо, давлати Сомониён ба дасти туркҳо аз байн […]Идома...
Ифтихормандам, ки соли 2006 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси эътимодноки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будам. Соли як ҳазору нуҳсаду шасту нўҳ ба кишвари Афғонистон сафар намуда, дар сохтмони шоҳроҳҳои Пули Хумрӣ — Мазори Шариф — Шибирғон ва Мазори Шариф — Ҳайратон (рў ба рўи шаҳри Тирмиз) тарҷумон будам. Он вақт ин мамлакати хеле […]Идома...
ХУШ ОН ШЕЪРЕ… Ба муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ Хуш он шеъре, Ки бошад инъикоси қудрату азму мароми халқ; Хуш он шеъре, Ки бошад иқтибоси вазну тамкину қиёми халқ; Хуш он шеъре, Ки дорад ҷўр назми зиндагиро бо низоми халқ; Хуш он шеъре, Ки бо ҳар сатри тўлонӣ чу таъриху чу умри шоирӣ […]Идома...
Дар сӯгвории устод Гулназар Он дам, ки гузаштӣ аз ҷаҳони фонӣ, Аз байти ту абри дида шуд боронӣ: “Бо кибр назар макун ба хоки сари роҳ, Охир ба ҳамин хоки сияҳ сармонӣ”. Аз гул назари ту нармтар буд ба чашм, Рӯят зи тамуз гармтар буд ба чашм. Дар чашмаи чашмат набуд осори ғубор, Гар буд, ҳамон […]Идома...
Шоири маҳбуби мардуми тоҷик, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт. Маросими ҷанозаи Гулназар Келдӣ шоми ҳамин рӯз дар оромгоҳи Лучоб бо ҳузури шахсиятҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ҳаводорони шоир баргузор гардид. Дар маросими ҷанозаи шоири […]Идома...
Хуш омадед ба меҳмонхонаи «Адабиёт ва Санъат», хонандагон муштоқи суҳбати самимонаи шумоанд. Иҷозат диҳед, суҳбатамонро бо ин суол шурўъ кунем: Дар ҳамбастагӣ бо овозхонӣ аз даврони кўдакиатон чӣ хотираҳо доред? -Падарам бештар сурудҳои Маъруфхўҷа Баҳодуровро дўст медоштанд ва дар хатнасури ману бародарам ўро даъват намуда буданд. Бародарам Музаффар Неъматов низ аз наврасӣ бо рубобу тор […]Идома...
Шодбошии Акбар Абдулло Шумо дар ҳамин рўзҳо дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шўроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадаед. Давраи тифлии Шумо дар сояи лутфу меҳрубониҳои волидон сипарӣ шуд. Баъд, таҳсилоти миёнаро дар мактаби таҳсилоти умумии ба номи Т. Г. Шевченкои ноҳияи Восеъ касб намудед. Дар дилатон азми парвозҳои баландтар чун чўҷаҳои шоҳини кўҳсорони баланд пайдо шуд. Солҳои […]Идома...