10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ўзбекистон таҳти унвони «Шоми дўстӣ», ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд. Чорабинии мазкур бо суханронии сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори […]Идома...
Ба Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой АҲМАДЗОДА Давлату Ҳукумати мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумўи адабиёт таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд ва ин дар корҳои амалии мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ равшан инъикос меёбад. Дар ин замина ҳамкориҳои пайвастаи Мақомоти […]Идома...
24 июли соли равон хабари даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Саидалӣ Маъмур дили ҳамагонро реш намуд. Шоир ва инсоне аз олам рахти сафар баст, ки умре бо дасту дили пок, садоқату самимият ва ҳиммати баланд ба сухан муносибат дошт ва сароишгару ситоишгари футуввату ҷавонмардӣ, покизагиву ҳалолкорӣ ва хисоли ҳамидаи […]Идома...
Ҳамасола дар арафаи зодрўзи устод Айнӣ дар муассисоти илмиву омўзишии мамлакат ҷамъомадҳои илмӣ ва маҳофили фарҳангӣ баргузор мегарданд ва ҳатман як чизи наве, далели тозае роҷеъ ба осори гаронсанги ин шахсияти бузурги миллӣ дар ин ҳамоишҳо гуфта мешавад. Ончунонки маҳфили илмию адабии дар Донишгоҳи миллӣ баргузоршуда собит кард, осори бузургҳаҷм ва гуногуннавъи устод на фақат […]Идома...
Боре сафари хидматӣ ба вилояти Суғд доштам ва дар як маърака аз ифротгароиву бегонапарастӣ сухан оғоз гардиду падареро ном бурданд, ки ба ҷурми терроризм зиндонӣ шудааст ва баъди пароканда шудани мардум гуфтугўи дуздонаи чанд нафар ҳам ба гўш расид, ки маҳкумшударо ҷабрдида ва қурбони дасиса шумурданд. Ҳайрон мондам. Чун баъдтар ба таҳқиқ машғул шудам, маълум […]Идома...
МУҲТАРАМ МЕҲМОН БАХТӢ! Шумо баъди хатми Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) дар давоми солҳои гуногун ба ҳайси мудири бахши адабӣ-драмавии Телевизиони ҷумҳурӣ, ҷонишини сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм», сармуҳаррири шуъбаҳои адабию драмавӣ ва ҷавонони Телевизиони тоҷик, мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мудири Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода, раиси Шўрои кор […]Идома...
Аз тариқи нашриёти «Балоғат» маҷмўаи мақолаҳои мунаққиди ҷавону пуркор Муҳриддин Сабурӣ зери унвони «Шеър дар мизони ҳунар» ба нашр расид. Дар мақолаҳои ин китоб ашъори шоирони имрўзи тоҷик аз паҳлуҳои гуногун ва бо назардошти м е ъ ё р ҳ о и н а қ д и а д а б ӣ мавриди баррасӣ қароргирифтаанд. […]Идома...
Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дар соли барои мардуми Тоҷикистон таърихӣ, яъне таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи кишвар ироа гардид. Ҳамагон интизор буданд, ки дар ин соли таърихӣ Сардори давлат дар Паёми хеш кадом нуктаҳоро махсус зикр хоҳад кард. Чун Паём «Дар бораи самтҳои […]Идома...
2 феврали соли равон дар партави Паёми имсолаи Пешвои миллат Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии ДМТ ва ИНТ таҳти унвони «Адабиётшиносӣ ва нақди матн дар замони Истиқлол» барпо гардид. Конфронсро декани факултаи филологияи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз бахшид. Муовини ректори ДМТ оид ба илм Сафармамад Сафармамадов аз номи раёсати таълимгоҳи бузургтарини мамлакат баргузории ин чорабинии […]Идома...
Имрўзҳо дар кишвар аз ҷониби намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳо вохўриҳои хотирмон бо сарҳадбонон сурат гирифта истодаанд. Мақсад аз ин вохўриҳо расонидани салому паёми Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд […]Идома...