Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 22 октябр намоиши 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз ёфт. Дар намоиш беш аз 40 ношир зиёда аз 5000 китоби тозанашрро пешниҳод карданд. Дар он намояндагони корхонаҳои табъу нашри давлатҳои ИДМ, инчунин Эрон, Ҳиндустон, Туркманистон, Чин, Русия, Туркия ва ноширони Тоҷикистон иштирок доранд. Дар доираи ин иқдом дар маҷлисгоҳи осорхона бо мусоидати […]Идома...
19-уми октябри соли 2024 дили Нависандаи халқии Тоҷикистон, адиби маъруф Мирзо Шукурзода дар 75-солагӣ аз тапидан бозмонд. Шодравон 1 сентябри соли 1949 дар рустои Худгифи Сояи ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ дида ба олам кушод. Мактаби миёнаи зодгоҳ (1966) ва бахши рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷикро (1973) ба поён расонда, дар оғоз чанд сол дар радиои ҷумҳурӣ ва […]Идома...
Меҳргон омад, гирифта фолаш аз некӣ мисол, Неквақту некҷашну некрӯзу некҳол. Унсурӣ Меҳргон яке аз маросимҳои аҷдодии мост, ки дар оғози фасли тирамоҳ […]Идома...
“Асри XXI асри Бадахшон, асри кашфи ин сарзамини пурасрор хоҳад шуд.” […]Идома...
Аз шоироне, ки ҳамвора мадеҳаю васфи Ватанро суруда, аз рӯйи садоқату самимият, бо маҳорату ҳунари волои шоирӣ дар тасвири манзараҳои ҷаззобу нодири он, заҳмати мардуми сарафрозу шуҳратманд бо ифтихори баланди меҳанпарастӣ шеър гуфтаанд, шоири хушкалому сухангустар, шодравон Пиримқул Сатторӣ ба шумор мерафт. Пиримқул Сатторӣ чакомасарои балеғгуфторе буд, ки ба оламу рухдодҳои он, аносиру ашёи табиату […]Идома...
Муқаддастарин ва баландтарин арзиши миллии мо забони тоҷикӣ мебошад, ки халқи шарафманди Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси миллати фарҳангофар ва дорои таърихи ғанӣ муаррифӣ намудааст ва имрӯзро ба таърихи ҳазорсолаи гузашта пайвастааст. Забони мо танҳо як забон не, балки як фарҳанг, як тамаддун ва як бахши муҳими ҳувияти мо мебошад. Забони модарии мо – […]Идома...
Чанде пеш нависандаи публитсист, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳасан Асоев дар 60-солагӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ҳасан Асоев 20 майи соли 1964 дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омада, мактаби миёнаи №7-и деҳа (1981) ва факултаи биология ва химияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айниро (1987) ба поён расонд. Чандин сол […]Идома...
Озмуни наве бо унвони “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”, ки чаҳор рӯз дар Китобхонаи миллӣ (аз 24-ум то 27-уми моҳи ҷорӣ идома кард), анҷом ёфт. Акнун, ки озмун анҷом шудааст, метавон бафурҷа роҷеъ ба бурду бохт ва дастоварду норасоиҳояш суҳбат кард. Хеле муҳим, ки таҷрибаи аввал ҳосил шуд ва агар хоҳем, ки ин озмуни аз […]Идома...
Дар шаҳри Кирмоншоҳи Ҷумҳурии Ислоии Эрон нахустин ҷашнвораи байналмилалии «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд, ки дар он Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуд. Зимни суханронӣ Низомиддин Зоҳидӣ мақом ва манзалати бузурги “Шоҳнома”-ро таъкид намуда, онро “донишномаи таърих, адабиёт, хираду ҳикмат ва фарҳангу тамаддуни ниёгон” номид. Сафири Фавқуллода ва Мухтори […]Идома...
11 октябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ, ки дар шаҳри Ашқобод зери унвони «Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққиёт» баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, дар Тоҷикистон баргузор кардани мизҳои мудаввари […]Идома...