Дар доираи Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон», ки бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз 2 то 9-уми апрел баргузор мегардад, шоирону нависандагон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар намуда, бо хонандагони худ вохӯрию мулоқотҳо доир мекунанд. Ҳамин гуна чанд вохӯрӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, шоир Файзи Ашӯр ва адиби бачаҳо […]Идома...
Муҳтарам Ҳотам аз зумраи шоирон ва донишмандони номвари замони мост. Ӯ ҳам бо маҷмуаҳои ашъор ва ҳам бо таълифоти илмияш дар байни аҳли илму адаб ва хонандагони тоҷик мавқеи намоён ёфтааст. Мавсуф баъд аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навободи Ғарм ва Институти давлатии педагогии Душанбе ба сифати омӯзгори мактаби миёнаи рақами 28-и ноҳияи Ёвон (1972-1973), […]Идома...
Ба истиқболи 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ Дар қаламрави шеъри асримиёнагии форсии тоҷикӣ Ҳофизи Шерозӣ аз зумраи суханваронест, ки перомуни ашъору мақому мартабаи суханварияш суханшиносону муҳаққиқон ба таври мухталиф изҳори назар кардаанд ва аз ҷониби шореҳону муфассирон низ шарҳҳои гуногуне оид ба ғазалиёти ӯ рӯйи кор омадаанд. Дуруст аст, ки дар Тоҷикистон то кунун шарҳе бар ғазалиёти […]Идома...
«Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ аз ҷониби интишороти «Орван» дар чор қисм барои ҳамзабонони эронӣ чоп шуд. Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан Раҳмонӣ вобаста ба чопи асар чунин изҳори назар намуд: «Айнӣ донишманди камназири забон, адабиёт, таърих ва фарҳанги гуфторӣ ва навиштории тоҷикон буд. Ҳар қадар бодиққат асарҳои устодро мутолиа намоем, дар пеши назар чизҳои нодире намоён […]Идома...
Мавсуф баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1973) ба сифати ҷонишини директори мактаби миёна (1973-1983), котиби масъули рӯзномаи ноҳиявии «Коммунисти Ховалинг» (1983-1986), котиби масъули Шабакаи якуми ТВ Тоҷикистон (1996-1998), корманди масъули Маҷлиси Олии ҶТ, мудири шуъбаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» (1998-2001), сармуҳаррири идораи «ТВ Субҳ» (2001-2008), муовини аввал, и.в. директори […]Идома...
Наврӯз ба масобаи яке аз меросҳои гаронбаҳои фарҳанги башарӣ, аз чандин ҳазор сол бад-ин сӯ дар сарзаминҳои васеъе аз Ховари Миёна, фалоти Эрон то Осиёи Марказӣ ва бархе аз кишварҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Созмони милали муттаҳид дар соли 2010 бо тасвиби қатъномае рӯзи 21-уми март баробар бо аввали фарвардин (ҳамал)-ро ба унвони “Рӯзи ҷаҳонии […]Идома...
Наврўз ҷашни миллӣ, ҷашни растохези табиат ва нав шудани гетист. Дар бораи Наврўз, ҷузъиёти анҷоми ойинҳои наврўзӣ дар даврони бостон, хоса замони ҳахоманишӣ ва ашконӣ, матолиби чандон зиёде дар даст надорем. Танҳо тасвири намояндагони миллатҳои гуногуни ҳакшуда дар Тахти Ҷамшед, ки дар интизори расонидани ҳадяҳо ба ҳузури шоҳаншоҳ ҳастанд, гувоҳи таҷлил аз ҷашни Наврўз дар […]Идома...
Ниёкони мо ҳар ки будаст пеш, Нигаҳ доштандӣ ҳам оину кеш. Фирдавсӣ Ҷашнгирии Наврўз дар Тоҷикистони мо маҳз дар асри гузашта хусусияти ҳамагонӣ пайдо намуд ва ҳамчун […]Идома...
Дар бораи адиби оламшумул Чингиз Айтматов ҳарфи тозае гуфтан бисёр душвор аст. Чунки, ба қавли як адабиётшиносамон, шояд навиштаҳову гуфтаҳо дар борааш беш аз асарҳои худаш бошанд. Ҳарчанд ки, меафзоем мо, Айтматов, ҳамзамон бо ҳадафраснавису дилраснавис будан, хушбахтона, сермаҳсул ҳам буд ва барои инсоният осори пурбаҳои фаровоне ба ёдгор гузошт. Бо ҳамин андешаҳо мавзуеро манзур […]Идома...
Ба муносибати 80-солагии шоири маъруф Ҳабибулло Файзулло Чеҳраи гарми Ҳабибулло пеши рӯ, бори дигар «Куллиёт»-ашро, ки соли 1995 бо кӯшиш ва эҳтимоми Шоҳҳайдар Ёдгорӣ аз тариқи нашриёти «Ирфон» ба чоп расидааст, мутолиа мекунам. Ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ, ҷустуҷӯ, кушодагӯйӣ, мушоҳидакорӣ, талош ва олами розу ниёзҳои шоирона дар ҳар як шеър саршор аст. Байни ҳар сатру банд […]Идома...



