Гиромидошти олим
Моҳи августи соли 2024 дар Тоҷикистон 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққид, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров ҷашн гирифта мешавад. Ин чорабинӣ дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» доир мегардад.
Бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров баргузории ҳамоишу конфронс ва барномаҳои маърифативу фарҳангӣ дар назар дошта шудааст.
Номбурда профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муаллифи беш аз 800 асару таълифоти илмӣ буд. Офаридаҳои нахустини Соҳиб Табаров диққати устод Айниро ҷалб намудаанд.
Соҳиб Табаров дар таҳқиқи осори Николай Островский, М. Е. Салтиков-Шедрин, Пайрав Сулаймонӣ, Алӣ Хуш, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Раҳим Ҷалил, Муъмин Қаноат, Гулрухсор ва дигарон саҳми босазо гузоштааст.
Олим барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон буда, бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Шараф», се ордени «Нишони фахрӣ» ва медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.