Сарвати инсон адаб аст
Дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҷашни 70-солагии шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, нависандагону шоирон, олимону аҳли зиё ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд.
Тантанаро Шоири халқии Тоҷикистон, котиби масъули шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ҳусни оғоз бахшид. Баъдан Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ намуда, аҳли илму адаби вилоятро ба муносибати ин ҷашни фархунда муборакбод гуфт ва аз ҷумла изҳор дошт:
— Аҳли сухани кишвар аз файзи суханони пурҳикмат ва ҳидоятгаронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи муқаррар намудани рисолати аҳли адаб баҳраҳои фаровоне бардошта, дар шинохти мақоми кунунӣ ва ҳадафҳои ояндаи адабиёт чун воситаи асосии тарбияи маънавии насли наврас ва ҷавон дар замони ҷаҳонишавӣ ва мураккаби дунёи муосир ташаббусҳои нек аз худ зоҳир менамоянд.
Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд, ки дар шароити муосири инкишофи ҷомеа рисолати муҳимтарин ва кори ҷонии зиёиён таҷдиди фикру андешаи умумимиллист. Зеро фақат насли наве, ки дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ ва андешаи мустақил дошта, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва қарзи ватандӯстии худро дар назди халқу Ватан эҳсос менамояд, метавонад ба қувваи пешбарандаи истеҳсолот ва тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа табдил ёбад.
Аз ҳамин сабаб ҳам, таҷлили 70-солагии таъсиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бояд бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва иҷрои ҳидоятномаҳои Роҳбари фарҳангсолори кишварамон сароғози роҳи тозаи эҷодии аҳли сухан гардад.
Аз таърихи таъсис ва фаъолияти бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон равшан мегардад, ки 70 сол қабл бо ташаббуси Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва талошҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил дар вилояти ҳамонвақтаи Ленинобод, ки алҳол Суғд аст, шуъбаи Иттифоқи нависандагон таъсис ёфт, ки дар мамлакат аввалин шуъба буд ва дар рӯзҳои нахусти фаъолият ҳамагӣ панҷ нафар аъзо доштааст. Ҳоло ин шуъба зиёда аз 70 аъзо дошта, калонтарин бахш дар мамлакат маҳсуб мешавад.
Маърузаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим низ пурмуҳтаво буд. Ӯ дар бораи фаъолияти шуъба суханронӣ намуда, таъкид кард, ки саҳми адибони ҳавзаи адабии вилояти Суғд дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик басо назаррас аст. Мавсуф ҳамчунин аҳли эҷодро таҳният гуфта, ба шоирону нависандагон илҳоми саршор таманно намуд.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ барои хидматҳои арзанда дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ, рушди адабиёти муосир ва фарҳанги миллӣ, тараннуми дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми муносиб дар тарбияи маънавии ҷомеа ва таҳкими ҳувияти миллӣ беш аз 30 нафар бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонда шуданд. Инчунин ба гурӯҳи калони адибон «Нишони сухан», Ифтихорномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ифтихорномаи шуъбаи суғдии ИНТ, Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил, Ҷоизаи махсуси ба номи Маҳастии Хуҷандӣ тақдим гардид.
Гулноз Тоҳирӣ Ҷоизаи адабии ИНТ ба номи Мирзо Турсунзода, Ӯринбой Усмонов Ҷоизаи адабии ИНТ ба номи Садриддин Айниро дарёфт намуданд.
Суруду рақсҳои ҳунарпешагон ба ҷашн фараҳи тоза зам кард.