Мулоқот бо Сафир

 Мулоқот бо Сафир

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим Сафири подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон ар-Рушайдонро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот  Низом Қосим меҳмони олиқадрро хайрамақдам гуфта, барои рушди ҳамкориҳои мутақобила судманди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо муассисаҳои фарҳангии Арабистони Саудӣ пешниҳодҳои муфид кард.

Низом Қосим аз ҷумла қайд намуд, ки Иттифоқи нависандагони Тољикистон бо давлатҳои дигари ара­бӣ, ба монанди Лубнон, Миср ва Фаластин ҳамкорӣ дорад ва осори шоирону нависандагон дар тарҷумаи ҳамдигар ба чоп мерасанд. Барои рушди робитаҳои адабӣ бо Арабистони Саудӣ низ шароиту имкониятҳо мавҷуданд.

Сафири Арабистони Саудӣ низ пешниҳод намуд, ки минбаъд осори адибонамонро дар тарҷумаи ҳамдигар ба нашр расонем, чорабиниҳои адабӣ гузаронем, то ҳамкориҳоямон пурбортар бошанд.

 

Дигар хабарҳо