ЧАНД ЛАҲЗА БО КАМОЛ АЙНӢ
15 май ба зодрӯзи адабиётшиноси маъруф Камол Айнӣ 95 сол пур шуд.
…15-уми ноябри соли 1973 дар Институти шарқшиносии АИ СССР дар шаҳри Маскав, ки директор ва раиси шурои дифои рисолаҳои илмии он академик Бобоҷон Ғафуров буданд, рисолаи номзадиамро дифоъ кардам. Сипас чанд рӯз дар он ҷо ба омода намудани ҳуҷҷатҳои барои КОА (ВАК) зарур машғул будам. Дар яке аз ҳамон рӯзҳо дар роҳрави Институт бо устод Камол Айнӣ рӯ ба рӯ задем, ки тоза аз Эрон омада будааст. Аз ҳамдигар ҳол пурсидем. Ӯ аз мавзуи кор ва ҷараёни дифоъ пурсон шуду табрикам кард ва якбора аз дастам гирифту пешниҳод намуд, ки назди домулло Ғафуров медароем. Ҳарчанд гуфтам, ки ман баъди дифоъ дар наздашон будам, изҳори сипос ҳам кардам, рафтани ман зарурат надорад, қабул надошт, исрор менамуду мегуфт, ки «хуб кардаед, лекин бо ман даромаданатон маънии дигар мегирад». Хулласи калом, дукаса ба қабули домулло Ғафуров рафтем.
Суҳбат дар мавзуъҳои гуногун сурат гирифту хеле тул кашид ва дар омади гап устод Камол Айнӣ гуфт, ки «ин шогирд дар мавзуи хеле хуб рисола навиштааст. Маликушшуаро Баҳор, бузургтарин шоири муосири Эрон, тоҷики худамон, аз Машҳад аст, хуросонист…» Домулло Ғафуров нимтабассуме карданду гуфтанд (мазмунан): «Барои мову шумо бузургтарин шоири муосири Эрон Лоҳутӣ аст, ҳарчанд ӯ хуросонӣ нест, мо комилан ҳақ дорем, ки ӯро шоири тоҷик, яке аз асосгузорони назми советии тоҷик бигӯем. Аслан ҳамин тавр ҳам ҳаст. Шумо инро бояд беҳтар аз ман донед. Шояд падари бузургворатон, ки Лоҳутиро устод мегуфтанд, дар ин бора ба шумо ҳам гуфта бошанд, ба ман борҳо гуфтаанд»… Баъди андак сукут бо садои нармтар ба суханашон идома доданд: «Аз Тоҷикистон миш-мишҳое ба гӯшам мерасанд, ки гӯё ман Лоҳутиро аз ҷумҳурӣ рондаву равонда бошам, нисбат ба ӯ хусумат дошта бошам. Намедонам, ин гапҳоро дар кадом асос, бо чӣ мақсад паҳн мекарда бошанд? Асли масъала тамоман дигар аст. Баъд аз ҷанг (ҶБВ-ро дар назар доранд – А. А.) дар СССР бо роҳбарии партия мубориза бар зидди космополитизм (ҷаҳонватанӣ) авҷ гирифт, чунки ҷаҳон ба ду лагер ва ду низоми сиёсию ҳарбӣ тақсим шуда, идеяи инқилоби ҷаҳонӣ моҳиятан коҳида, ҷои онро идеяи муборизаи зиддимустамликавӣ ва ҳаракати миллии озодихоҳӣ дар Осиёву Африқо гирифта буд. Дар ҳамон шароиту муҳит Лоҳутиро, ки дар шеърҳои солҳои 20-30 навиштааш ғояи ҷаҳонватанӣ ва инқилоби ҷаҳониро хеле фаъолона тарғибу ташвиқ мекард ва илова бар ин, дар маъракаҳои охири солҳои 30 дар Маскав аз Мейерхолд пуштибонӣ карда, зери шубҳа қарор гирифтаву аз ҳайати роҳбарии Иттифоқи нависандагони СССР дур гардида буд, эҳтимол ба рӯйхати космополитон низ ворид карда бошанд. Дар Тоҷикистон Лоҳутӣ аз шахсиятҳои ангуштнамо буду дастгир шуданаш аз эҳтимол дур набуд. Дар Маскав дар байни ҳазорон нафари чун ӯ аз назару таъқиби мақомот дур монданаш имкон дошт. Илова бар ин, ҳангоми яке аз сафарҳоям ба Маскав ҳамсараш Силсила Бону бо кадом роҳе телефони ҷои истиқомати маро пайдо карда, занг заду бо исрор хоҳиш намуд, ки барояш ақаллан панҷ дақиқа вақт ҷудо бикунаму муддаояшро на телефонӣ, балки рӯбарӯ бишнавам. Қарор шуд, ки фардо субҳ, пеш аз бозгаштам ба Сталинобод, дар фойеи меҳмонхона вомехӯрем. Ҳамин тавр ҳам шуд, вале мулоқот на панҷ, балки беш аз понздаҳ дақиқа сурат гирифт. Ман ба ҷуз ҳолпурсӣ чизе нагуфтам, шунаванда будам. Бону аз шавҳараш шикоят мекард ва мазмуни мухтасари шикояташ ин буд, ки Лоҳутӣ гирифтори чанд беморист, ба саломатиаш аҳаммият намедиҳад, ман ин ҷо тани танҳо аз уҳдаи нигоҳубини фарзандон, мактабу боғчаи онҳо намебароям, хулоса, мусоидат кунед, ки ӯ ба Маскав баргардад. Ман чанд рӯз дар атрофи ин масъала фикр кардам. Албатта, шикояту хоҳиши ҳамсари Лоҳутӣ ҳам қобили андеша буд, аммо омили якум – эҳтимоли ба космополитизм гунаҳгор гардидану дастгир шудани ӯ хатари воқеӣ дошт. Бинобар ин, тасмим гирифтам, ки ба Маскав, ба назди зану фарзандонаш рафтани Лоҳутӣ ҳам барои зиндагии шахсиву оилавӣ ва ҳам барои амнияти ӯ аҳаммият дорад. Шахсан ба ӯ оид ба ин мавзуъ на дидор дидаму на суҳбат кардам, зеро андешидам, ки чунин рафтор метавонист дар дилаш шубҳаву ҳарос биангезад. Аз ду нафари муътамаде, ки бо Лоҳутӣ ошнои хуб ва улфат буданд, хоҳиш кардам, ки масъалаи ба Маскав рафтани ӯро бо назокат, бидуни ягон моҷарову дағдаға ҳал кунанд, ҳамин тавр ҳам шуд… Аз гап гап баромаду ман ин воқеаро ба шумо гуфтам. Касоне, ки миш-мишҳоро дар бораи гӯё Лоҳутиро аз Тоҷикистон «рондани» ман паҳн мекунанд, оё намедонанд, ки дар солҳои роҳбари ҷумҳурӣ будани ман ҳам Театри драмавӣ, кӯчае дар маркази пойтахт, колхозу совхозу мактабҳо ба номи Лоҳутӣ буданд, Лоҳутӣ дар китобҳои дарсӣ ҳамчун асосгузори назми советии тоҷик ҷой дошт, маҷмуаҳо ва асарҳои Лоҳутӣ қариб ҳар сол ё солдармиён дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон чоп мешуданд…»
Вақте ки оид ба навиштани ин ёддошт фикр мекардам, филми ҳуҷҷатии наворбардор ва коргардони маъруфи тоҷик Давлат Худоназаров «Устод» ба ёдам омад, ки онро соли 1987 ба муносибати таҷлили 100-солагии устод Лоҳутӣ чанд шом дар «Хонаи кино» намоиш дода буданд. Айёми авҷи демократиябозии горбачёвию елтсинӣ ва наҳ задани роҳбарони пештараи ҳизбӣ буд. Филми мазкур низ бо лаҳзае анҷом меёфт, ки сояи пои Б. Ғафуров ба рӯи устод Лоҳутӣ меафтад. Ин филмро ҳамроҳи устодони зиндаёд Муҳаммад Осимӣ, Ғаффор Ашӯров ва Абдулқодир Маниёзов тамошо карда будем. Баъди аз «Хонаи кино» баромадан чорамон хомӯш сӯи бинои Академияи илмҳо қадам мезадем, ки устод Осимӣ, гӯё ба худ мегуфта бошанд, зери лаб бо садои паст гуфтанд: «Не, ин хел набуд…» Дигар дар ин мавзуъ касе чизе нагуфт.
Соли 2009, соли ҷашни 100-солагии Бобоҷон Ғафуров, дар Кумитаи телевизион ва радио кор мекардам. Рӯзе Камол Айнӣ ба коргоҳам омаду хоҳиш кард, ки нусхаи чопи компютерии «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айниро пеш аз супурдан ба нашриёт ҳамчун узви ҳайати таҳририя аз назар гузаронам. Дар ҷараёни суҳбат аз вай пурсидам: «Суханони домулло Ғафуровро дар Маскав вобаста ба Лоҳутӣ дар ёд доред?» Гуфт: «Албатта, чанд бор хостам рӯи коғаз биёрам, аммо фурсат наёфтам, вақт нест, кор бисёр… шояд худатон ба ягон муносибат…»
Вақте ки мақолаи «Лоҳутӣ – устоди шеъри ғиноӣ»-ро ба поён расондам, қарзи виҷдон донистаму бо амри имон ин ёддоштро ба он илҳоқ намудам.
Абдураҳмони Абдуманнон