Маҳфили навбатии «Гуфтугӯ аз эҷод»
Дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ибтикори бахши насри ин созмон маҳфили «Гуфтугӯ аз эҷод» баргузор гардид, ки дар он шумораи зиёди навқаламону нависандагони шинохта ширкат варзиданд.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод зимни суханронии хеш зикр намуд, ки моҳи гузашта чунин як маҳфил аз тарафи бахши назми созмон низ гузаронида шуда буд ва шоирони ҷавон навиштаҳои тозаи худро пешкаши ҳамқаламон, адабиётшиносон ва мунаққидони соҳа намуда, барои хеш тавсияву маслиҳатҳои заруриро гирифтанд.
Дар маҳфили имрӯза низ барои шунидани тавсияву маслиҳатҳои устодони соҳа як гурӯҳ насрнависони ҷавон ҷамъ омаданд.
Ҳамчунин, пеш аз оғози кори маҳфил мудири бахши насри Иттифоқи нависандагон Сироҷиддин Икромӣ суханронӣ карда, аз ҷумла иброз намуд, ки: «Вақте маро мудири бахши насри Иттифоқи нависандагон таъйин намуданд, ростӣ, мушоҳида нашудани насрнависони ҷавон хеле ба ташвишам меовард. Шоирони ҷавон бисёр доштем, аммо насрнависон қариб, ки дида намешуданд. Як сабаби пайдо гардидани ҷавонони насрнавис, ба андешаи ман, аввалан Машварати омӯзиши адибони ҷавон дар соли 2020 ва баргузор шудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» бошад, сабаби дигараш ба миён овардани ҳамкорӣ миёни бахши насри Иттифоқи нависандагон ва ҷавонони навқалам мебошад. Маҳфили имрӯза низ идомаи ҷустуҷӯҳои чеҳраҳои нав миёни ҷавонони эҷодкор ва тавсияву маслиҳатҳои муфид ба осори тозаэҷодашон аст.
Дар идома чанд тан ҷавонони навқалам: Санам Боева, Сумая Бобоева, Баҳовиддин Азимхӯҷа, Мунаввара Саъдуллоева навиштаҳои худро барои ҳозирин пешниҳод намуданд. Баъди шунидани ҳикояҳои ҷавонон нависандагон Шералӣ Мусо, Салими Зарафшонфар, Маҷид Салим, Шодӣ Раҷабзод, Диловари Мирзо ва дигарон дар мавриди ҳусну қубҳи онҳо изҳори назар намуда, маслиҳатҳои хуб доданд. Аз ҷумла, мудири бахши насри маҷаллаи «Садои Шарқ» Баҳманёр Муродӣ ба ҳикояҳои Санам Боева ва Сумая Бобоева баҳои хуб дода, иброз дошт, ки ин ҷавонон тавонистаанд ҳолати қаҳрамононро тасвир намоянд. Барои як эҷодкори ҷавон комёбии чашмрас ҳисобида мешавад. Албатта, наметавон гуфт, ки навиштаҳо орӣ аз нуқсон ҳастанд, аммо бо андӯхтани таҷриба ва сайқал додани маҳорати нависандагӣ умед аст ин норасоиҳо бартараф мешаванд.
Мудири бахши адабиёти кӯдаки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Азизи Азиз ба Баҳовиддин Азимқул ва Мунаввара Саъдуллоева тавсия дод, ки бештар китобҳои устодони бузургро мутолиа намоянд. Дар умум маҳфили «Гуфтугӯ аз эҷод» тавонист барои ҷавонони навқалам як дарси хуби эҷодӣ бошад ва дар роҳи интихобнамудаашон кумакрасон гардад.