ҚОСИМОВ СИРОҶИДДИН
СИРОҶИДДИН ҚОСИМОВ 8 марти соли 1948 дар деҳаи Дашти Калони ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими таърих (1972) ва ҳуқуқшинос (1986) хатм кардааст. Солҳои 1972-1973 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1973-1980 дар мактаби миёнаи №26 ноҳияи Маскав муаллим, аз соли 1981 корманди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ будааст. Дар бахшҳои гуногуни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу амният хизмат карда, то рутбаи полковники милитсия расидааст.
Фаъолияти эҷодиро аз навиштани очерку мақолаҳои детективӣ дар мавзӯи кору пайкори заҳматписанди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат шурӯъ намудааст. Намунаҳое аз ҳикояву очерку қиссаҳои детективии ӯ дар рӯзномаву ҳафтаномаҳои «Тоҷикистони Советӣ», «Адабиёт ва санъат», «Паёми Душанбе», «Вечерний Душанбе», «Ҷавонони Тоҷикистон», ва ғ. ба табъ расидаанд.
Китоби «Дар нимашаб (1999)-аш аз заҳмату рӯзгори ноороми кормандони милитсия ва ошкор сохтани ҷиноятҳо аз ҷониби фидоиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳикоя мекунад. Дар асари «Қоидаҳои занҷири соати кисагӣ» (2003) паҳлӯҳои мухталифи рӯзгори ашхоси ношоиста ва манфиатпарастро, ки барои расидан ба ҳадафи нопокашон аз ягон кирдори зишт ва рафтори номуносиб рӯй намегардонанд, равшану муътамад тасвиркорӣ намудааст.
Филмномаҳои детективии офаридаи ӯ «Парвандаи №2614», «Васвасаҳои марговар», силсилаи «Набарди вопасин» ҷавҳари волои ватанпарастӣ ва миллатдӯстӣ дошта, роҳи душвори расидан ба истиқлолиятро тасвир менамоянд.
Бо медалҳои соҳавӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.
Аз соли 1998 узви Иттиҳодияи журналистон, аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.