МАРДОН РАҶАБ

 МАРДОН РАҶАБ

РАҶАБ МАРДОН 3 июли соли 1940 дар деҳаи Ҳалқаёри ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Соли 1957 мактаби миёнаи №4 шаҳри Кӯлоб, соли 1962 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расонда, дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Маориф ва маданият» (ҳозира «Омӯзгор»), «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон») ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъба фаъолият бурдааст. Солҳои 1969-1971 дар хидмати Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ будааст.

Пас аз адои хизмати ҳарбӣ вазифаҳои муҳаррир ва ҷонишини сармуҳаррири Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Баъдан, то соли 1987, ходими калон ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» солҳои 1987-1989 мудири шуъбаи нашриёти «Адиб», солҳои 1989-1994 раиси бахши очерку публитсистикаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Алҳол ба кори эҷодӣ машғул аст.

Ба фаъолияти эҷодӣ аз давраи донишҷӯйӣ пардохта, очерку ҳикояҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ расидаанд. Китоби очеркҳои ӯ «Мошинсозон» (1981), «Бунёдгузорон» (1987) ва «Дарёи нур» (1987) аз рӯзгору пайкори коргарони муасиссаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бунёдгарони нерӯггоҳҳои барқи обии Нораку Роғун ва нақбсозони Данғара ҳикоят мекунанд.

Баъдан асарҳои ӯ «Марде собит ҳамчу кӯҳ» (1984), «Оташи дил» (1993), «Дар ҳалқаи занон» (1997), «Ҳикмати умр» (2011), «Кохи ҳуҷҷатҳои муқаддас» (2013), «Сабри ӯ амали комил дошт» (дар бораи Абдулаҳад Қаҳҳоров, 2013) дастраси хонандагон гардидаанд.

Соли 1989 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Раҷаб Мардон 22 апрели соли 2023 вафот кард.

Дигар хабарҳо