НАИМҶОН НАЗИРӢ

 НАИМҶОН НАЗИРӢ

(Аслонов Наимҷон) 20 августи соли 1936 дар шаҳри Истаравшан таваллуд ёфтааст. Соли 1954 мактаби миёнаи №1 ба номи М.Горкийро ба итмом расонда, вориди факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И Ленин шудааст ва соли 1959 бомуваффақият ба охираш расондааст. Баъди хатми донишгоҳ аввал ходимӣ адабӣ, сонӣ мудири шуъба ва мухбири махсуси маҷаллаи «Хорпуштак» будааст. Соли 1964 муҳаррири радиожурнали «Сӯҳбати дӯстон» таъин шуда, баъдан вазифаҳои муҳаррир ва мухбири махсуси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳуриро ба ҷой овардааст. Солҳои 1975-1985 мудири шуъбаи рӯзномаи «Роҳи коммунизм» (ҳозира «Паёми Истаравшан») будааст. Ҳоло директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳр аст.

Фаъолияти адабии мавсуф хеле барвақт сар шуда, ҳанӯз дар синни 8-10-солагӣ шеър гуфтааст. Аввалин шеъраш 1 январи соли 1951 дар рӯзномаи «Роҳи сотсиализм» (ҳозира «Паёми Истаравшан») чоп шудааст.

Муаллифи китобҳои ашъори «Хӯшаҳо» (1971), «Тӯҳфаи баҳор» (1974), «Гулқайчӣ» (1980), «Хирсаки каҷпо» (1981), «Рози дил» (1983), «Бахти мо» (1986), «Бақои умр» (1987), «Тӯшаи роҳ», (1991), «Хоки муқаддас» (Хуҷанд, 1999), «Гулдастаи дӯстӣ» (ба забони ӯзбекӣ, Хуҷанд, 1999), «Созҳои Бадахшон ва таронаҳои Хатлон» (Хуҷанд, 1999), «Дар соҳили Сир» (Хуҷанд, 2001), «Ошёни меҳр» (Хуҷанд, 2002), «Чаро гӯши фил калон?» (Хуҷанд, 2007), «Чашмаи мурод» (2008), «Сафинаи Ҷавҳарӣ» (2010), «Табассуми Суҳайлӣ» (2010) «Тӯҳфаи шоир» (2010), «Бодбон» (ба забони русӣ, 2011), «Ганҷи ранҷ» (2012) «Ашки шодӣ» (2013), «Ғунчаҳои ҳаёт» (2013) ва ғ. мебошад, ки гувоҳ аз маҳорати шоирӣ, вусъати назари суханварӣ ва гуногунии мавзӯоти мавриди таҳқиқи ӯ медиҳанд.

Бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Барои хизмати шоиста», нишони Кумитаи шӯравии муҳофизати сулҳ сарфароз гардонида шудааст.

Барандаи Ҷоизаҳои адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Зуфархон Ҷавҳарӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Истаравшан.

Аз соли 1962 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1975 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо