Муҳтарам Ҳоҷӣ Мурод!
Хонандагони тоҷик бо ном ва шеърҳоятон аз нимаи дувуми асри сипаришуда ошно ҳастанд ва Шуморо шоири салимтабъу борикандеш дарёфтаанд.
Соли 1967 баъди хатми риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон як муддат дар рӯзномаи маҳаллии «Қаротегини советӣ» ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохтед ва аз ҳамон ҷавонӣ дар инъикоси масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа маҳорати хуби қаламкашиятон ошкор буд ва бо касби таҷрибаи бештар доираи фаъолияти эҷодӣ ва ҳунаратон фарохтар гардид.
Фаъолияти рӯзноманигорӣ ва кори шоирии Шумо ҳамеша тавъам ҷараён дошт ва дар ҳарду масир собитқадамиятон аён буд. Аввалин шеъратон, ки соли 1960 дар рӯзномаи бонуфузи «Маориф ва маданият» нашр шуд, баёнгари он буд, ки дар ин ҷода азми ҷиддӣ доред.
Тақдир Шуморо баъдан ба даргоҳи ин нашрия овард ва солиёни зиёд паҳлу ба паҳлу бо қаламкашони варзидаву соҳибном, ки дар он ҷо ҷамъ омада буданд, фаъолият доштед. Сипас, вақте ки дар заминаи ин нашрия рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» таъсис ёфт ва баъдан ба «Адабиёт ва санъат» табдили ном кард, ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъба пурсамар кор кардед ва дар густариши фаъолияти ин рӯзномаи ягонаи адабӣ саҳми шоиста гузоштед.
Фаъолият дар нашриёти «Адиб» ва тарҷумонӣ дар Афғонистон низ таҷрибаи ҳаётӣ ва эҷодиятонро ғанитар кард ва ба ашъоратон таъсири хуб гузошт.
Маҷмуаҳои ашъори «Суроғ» (1989), «Хӯшабанд» (1992), «Хокистари сиришк» (1996), «Исёни сукут» (2000), «Қаламрави таманно» (2003), «Бомдоди нилуфар» (2007), «Сувари фитрат» (2012) ва ғайра ҳосили заҳматҳои эҷодии Шумо буда, табъу завқи хуби шоириятонро нишон медиҳанд.
Соли 1997 бо китоби «Хокистари сиришк» ба дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шарафёб шуданатон гувоҳи таваҷҷуҳ ва эҳтироми аҳли илму адаб ба Шумо ва эҷодиётатон мебошад.
Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед.
Ҷашни фархундаи 80-солагиятонро шодбош гуфта, ба Шумо саломату саодати ҳамешагӣ ва табъу руҳи болида орзу мекунем.
РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН