Самари умр ва саховати олимона
Ба муносибати 85-солагии Худоӣ Шарифзода
Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТ (1997), узви вобастаи АМИТ (2017), барандаи Ҷоизаи адабии Айнӣ (2001), Ҷоизаи адабии Саъдӣ (ҶИЭ, 2014), Ҷо- изаи фарҳангӣ ва ҳунарии “Фирдавсӣ” (ҶИЭ, 2016), Ҷоизаи Китоби баргузидаи устони Хуросон (ҶИЭ, 2018), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007), доктори илми филология (1987), профессор (1989) Худоӣ Шарифзода (25.06.1937-29.10. 2017) аз хурдӣ дар муҳити хонавода, баъд аз он дар интернат, донишгоҳ, бозомӯзиҳои тахассусӣ дар хориҷ аз кишвар ва аз роҳи худомӯзӣ бо фаро гирифтани осори бунёдии фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик парвариш ёфта, аз роҳи омӯзиши пайваста ва таҳқиқи ҳамешагӣ ба ниҳояти камолоти маънавии замони худ расида, ҳамчун шахсияти илмӣ ва фарҳангии миллати тоҷик эътироф гардида, дар навбати худ, бо офаридани асарҳои мондагор дар соҳаи адабиётшиносӣ, нақди адабӣ, матншиносӣ, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, осори бадеӣ,усули таълим хазинаи фарҳанг ва тамаддуни тоҷикиро ғанӣ гардонидааст.
Фаъолияти серпаҳлуи профессор Худоӣ Шарифзода асосан дар яке аз марказҳои муҳимми илмии кишвар дар соҳаи адабпажуҳӣ – факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷараён гирифтааст. Мавсуф аз соли 1961 то охири ҳаёт ҳамчун узви доимии ҳайати кормандон ва устодони факултети филологияи донишгоҳи мазкур дар пешрафти соҳаи таълим, таҳқиқ, такмили барномаҳои таълимӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, тарбияи шогирдони адабпажуҳ хидмати бедареғ анҷом додааст. Соли 1970 дар мавзуи “Ташак- кули афкори адабии тоҷик дар асрҳои X-XI” рисолаи номзадӣ дифоъ карда, соли 1987 дар мавзуи “Назарияи наср дар осори форсии марҳалаи классикӣ (асрҳои X-XV)” рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Аз соли 1989 то 2009 дар мақоми мудири кафедра (1989-1993 дар кафедраи фолклор ва методикаи таълим, 1993-2009 дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷик) ифои вазифа дошт, солҳои 1974-1975 ҷонишини декан оид ба таълим ва солҳои 1993-1996 декани факултети филология буд.
Дар баробари кори таълиму тадрис Худоӣ Шарифзода аз оғози фаъолият то охирин лаҳзаҳои ҳаёт ба таҳқиқи илмӣ хеле ҷиддӣ машғул шуд. Самараи ҷустуҷӯҳои илмӣ ва пажуҳишҳои адабиаш, ки ба шакли мусаввада боқӣ монда буданд, баъд аз сафари ҷовидонии муаллиф зевари табъ ба бар карданд, ки аз як монография, ду китоби пажуҳишӣ, таҳияи як девон ва мақолаҳо иборатанд. Мақолаҳои илмӣ ва адабии устод хеле зиёданд ва дар саҳифаҳои маҷаллаҳо, маҷмуаҳои илмӣ ва рӯзномаҳо чоп шуда, муҳимтарини онҳо дар ҳафт маҷмуаи мақолаҳои илмии муаллиф чоп шудаанд. Мақолаҳои Х. Шарифзода ба масъалаҳои муҳимми илмӣ бахшида шуда, аз ҷиҳати мавзуъ ва умқи диди илмию ҷанбаи назарӣ дар мақоми баланди андеша ва тафаккур таълиф шудаанд. Баъзе аз онҳо, аз қабили “Функсияи маърифатии қасида”, “Бунёди мардумии ирфони Шайх Камоли Хуҷандӣ”, “Маънавият ва ҷаҳони зоҳир аз назари Ҷомӣ”, “Шеъри Рӯдакӣ ва шакли байти адабиёти классикӣ”, “Тамаддуни тоҷикӣ” ва ғайра борҳо муҷаддадан чоп шудаанд.
Профессор Худоӣ Шарифзода мунаққиди касбии адабиёти тоҷик буд, муддати мадиде сарварии бахши танқид ва адабиётшиносии Иттифоқи нависандагонро ба уҳда дошт, мақолаҳои танқидиаш бо тозагии мавзуъ ва мазмун, гузориши масъалаҳо, умқи андеша ва тариқи баррасӣ иштиҳор доранд. Мақолаҳои номбурда дар атрофи проблемаҳои умумии танқид, ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Абдумалик Баҳорӣ, Муъмин Қаноат, Сорбон, Лоиқ Шералӣ, Кароматулло Мирзоев ва дигарон навишта шудаанд. Се-чаҳор мақола дар атрофи баҳси баъзе масъалаҳои забон, аз ҷумла, вазъи забони муосири тоҷикӣ ва тамаддуни халқи тоҷик низ навишта ва интишор додааст, ки мабоҳиси мундариҷ дар онҳо мустақиман ба сарнавишти миллат гиреҳ мехӯрад.
Китобҳои чопшудаи устод Худоӣ Шарифзода беш 40 номгӯй аст, аз ҷум- ла:12 китоб ва монография: “Мақоми Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик” – бо ҳамқаламии Ш. Ҳусейнзода (Душанбе: Маориф, 1985),“Каломи бадеъ” (Душанбе: Маориф, 1991), “Ҷилои ситораҳо” – ҳамроҳи А. Абдусатторов (Душанбе: Маориф, 2000), “Савти Аҷам” (Душанбе: Хазинаи адабиёти Тоҷикистон, 2002), “Ҳакими суханвар” – бо ҳамқаламии А. Маниёзов (Душанбе: Деваштич, 2003), “Назарияи наср” (Душанбе: Пайванд, 2004), ““Шоҳнома” ва шеъри замони Фирдавсӣ” (Душанбе, 2014), “Рози ҷаҳон” (Чопи дувум – Душанбе: Бухоро, 2016), “Ташаккули афкори адабии тоҷик дар асрҳои X-XI” (Душанбе, 2017, “Достонҳои бузурги “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ”(Душанбе: “ЭР-граф”, 2018), “Теоретические вопросы прозы в таджикско-персидских письменных памятниках” (Душанбе: Дониш, 2020), “Ҳамосаи шоҳон дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” (Душанбе: ЭР-граф, 2021);7 маҷмуаи мақолаҳои илмӣ: “Услуб ва камолоти сухан” (Душанбе: Ирфон, 1985), “Шоир ва шеър” (Душанбе: Адиб, 1998), “Озурдагон ва умедворон” (Душанбе: Сино, 2001), “Суннатҳои адабӣ” (Душанбе: Деваштич, 2007), “Сухан аз адабиёти миллӣ” (Душанбе: Пайванд, 2009), “Маънавият ва ҷаҳони зоҳирӣ” (Душанбе: Адиб, 2012), “Сездаҳ мақола” (Душанбе, 2013); як маҷмуаи “Ёддоштҳо ва ҳико- яҳои воқеӣ” (Душанбе, 2017); 3 китоби дарсӣ: “Балоғат ва суханварӣ” (Душанбе: Ирфон, 2002), “Назмшиносӣ” – бо ҳамроҳии У. Тоиров (Душанбе: Ҳумо, 2005), “Таърихи адабиёти тоҷик (аз оғоз то асри XIII)” – ҳамроҳ бо Мисбоҳиддини Нарзиқул (Душанбе: ТоРус, 2017); дигар,17 китоб аз осори гузаштагон, ба монанди Ибни Сино, Родуёнӣ, адибони асри Х, Восифӣ ва дигарон аст, ки аз ҷумлаи онҳо китобҳои “Ҳикоёти латиф” – бо ҳамроҳии З. Воҳидов (Душанбе: Маориф, 1970), “Авҷи Зуҳал” – ҳамроҳи Ш. Ҳусейнзода, К. Айнӣ (Душанбе: Ирфон, 1980), “Пирӯзинома”-и Абуалӣ ибни Сино – ҳамроҳи Ш. Ҳусейн- зода, “Фанни шеър” – ҳамроҳи Ш. Ҳусейнзода (Душанбе: Ирфон, 1985), ҳикоёти мунтахаби “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Восифӣ, “Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ” – ҳамроҳи А. Абдусатторов (Душанбе: Адиб, 2007),“Ашъори ҳакимон ва орифон” – ҳамроҳи А. Абдусатторов (Душанбе: Адиб, 2010) қобили махсус ба ёд овардан мебошанд.
Бо сарварии Х. Шарифзода ва иштироки аъзои кафедраи таърихи адабиёт омода ва чоп кардани ҷилдҳои 1-3 мухтасари китоби “Таърихи адабиёт дар Эрон”-и Забеҳуллоҳи Сафо ҳиссаи муҳим барои такмили таълими адабиёти тоҷик мебошад. Китоби “Назмшиносӣ”бо ташаббуси профессор Худоӣ Шарифзода ва бо ҳамроҳии У. Тоиров ба вуҷуд омад ва ҳоло дар ҳамаи донишгоҳҳои
ҷумҳурӣ мавриди истифода мебошад. Бо вуҷуди ин, ду устоди кафедраро барои навиштани китоби дарсӣ аз фанни арӯз (назмшиносӣ) водор кардаанд, ки ин амал, ба иловаи кумакҳои бедареғашон ба адабпажуҳони навгом, пешниҳоди мавзуъҳои рисолаҳои илмӣ ва тарҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, маслиҳату машварат, хондану таҳрир кардани мусаввадаи хоҳишмандон, саховати олимонаи мунҳасир ба фарди профессор Худоӣ Шарифзодаро ба намоиш мегузорад.
Китобҳои “Балоғат ва суханварӣ”, “Назмшиносӣ”, “Таърихи адабиёти тоҷик (аз аҳди қадим то оғози асри XIII)” китобҳои дарсие ҳастанд, ки дар замони Истиқлол таълиф шудаанд.
Дар умум, ҳамаи таълифоти устод Худоӣ Шарифзода ва махсусан, мақо- лаҳои “Функсияи маърифатии қасида”, “Тамаддуни тоҷикӣ”, китобҳои “Назарияи наср”, “Рози ҷаҳон”, “Савти Аҷам”, “Балоғат ва суханварӣ” дар навъи хосси худ асарҳои тоза ва беназиранд. Девони Ҳусомии Хоразмӣ барои аввалин бор дар таърихи матншиносии ҷаҳонӣ аз ҷониби профессор Худоӣ Шарифзода омода шуд, ки баъди сафари ҷовидонии устод рӯйи чоп омад. Мушаххасоти чопии девони мазкур чунин аст: “Девон”-и Ҳусомии Хоразмӣ : ба тасҳеҳи равоншод профессор Худоӣ Шарифзода; ба кӯшиши доктор Марям Вофӣ Сонӣ. – Машҳад: Тамрин, 1398 / 2018. – 288 саҳ. Теъдоди бениҳоят каме аз ин девон ба Тоҷикистон ворид шудааст. Умедворем, “Девон”-и Ҳусомии Хоразмӣ ба хатти имрӯзаи тоҷикӣ баргардон, чоп ва ба хонандаи тоҷик дастрас хоҳад шуд.
Як бахши муҳимми фаъолиятҳои профессор Худоӣ Шарифзодаро интихоби матн, баргардон ва таҳияи матнҳои адибони классикии форсу тоҷик ташкил медиҳад. Интихоби матн аз асарҳои Ҳуҷвирии Ғазнавӣ, Шамси Қайси Розӣ дар қисми якуми китоби “Дурдонаҳои наср” (Душанбе, 1987. – С. 143-148; 464-468), “Васиятнома”-и Низомулмулк дар рӯзномаи “Ҷунбиш” (Душанбе, 1999, 2-юми январ, № 2 (37)) ва дар чунин маҷмуаҳо ба шакли китоб омода ва дар нашриётҳо чоп шудаанд: Ҳикоёти латиф. Маҷмӯаи ҳикоёт аз «Бадоеъ- ул-вақоеъ»-и Восифӣ (бо ҳамроҳии З. Воҳидов. – Душанбе: Маориф, 1970), Абуалӣ ибни Сино. Авҷи Зуҳал. Ба чоп тайёркунандагон Ш. Ҳусейнзода, К. Айнӣ, Х. Шарифов (Душанбе: Ирфон, 1980, бо ҳуруфи арабӣ ва кириллӣ); Абуалӣ ибни Сино. Пирӯзинома. Таҳри- ру такмил ва тавзеҳоти Ш. Ҳусейнзода ва Х. Шарифов (Душанбе, 1980, 1982 (чопи кисагӣ); Арасту, Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд, Насириддини Тӯсӣ. Фанни шеър (бо ҳамроҳии Ш. Ҳусейнзода) (Душанбе: Ирфон, 1985); Таронаҳои дилангез (Душанбе: Ирфон, 1986); Низо- мии Арузии Самарқандӣ. Чаҳор мақола (бо ҳамроҳии У. Тоиров. – Душанбе: Ирфон, 1986); Мунтахаби «Тарҷумон- ул-балоға» ва «Ҳадоиқ-ус-сеҳр». Таҳияи матн, муқаддима ва тавзеҳоти Х. Шари- фов (Душанбе: Дониш, 1987); Абуалии Балъамӣ. Баҳроми Чӯбин (Душанбе: Маориф, 1992); Шоирони аҳди Сомониён. Мураттибон ва омодакунандагони чоп Х. Шарифов, А. Абдусатторов (Душанбе: Адиб, 1999); Қиссаи подшоҳони Сомонӣ. Омодакунандагони чоп Худоӣ Шарифов, Абдушукури Абдусаттор (Душанбе: Адиб, 1999); Мурғи саҳар. Мунтахаби ашъори Маликушшуаро Баҳор. Мураттибон: Х. Шарифов, М. Низомов (Душанбе: Пайванд, 2006); “Достонҳои паёмбарон”-и Абулҳасан Алӣ Ҳасании Надавӣ. Барои кӯдакон ва навҷавонон. Тарҷумаи Аббосалии Сарфарозӣ. Таҳияи матн ҳамроҳ бо Аб- дуллои Абдулҳайзода (Душанбе: Эҷод, 2006); Зайниддин Маҳмуди Восифӣ. «Бадоеъ-ул-вақоеъ» (мунтахаби ҳикоёт). Мураттиб ва муаллифи сарсухан Худоӣ Шарифов (Душанбе: Адиб, 2006); Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. Таҳияи Худоӣ Шарифов, Абдушукури Абдусаттор (Душанбе: Адиб, 2007); Ҳикоёти латиф аз рӯзгори шоирон. Таҳия ва тавзеҳоти Х. Шарифов ва А. Абдусаттор (Душанбе: Адиб, 2010); Ашъори ҳакимон ва орифон. Таҳияи Худоӣ Шарифзода ва Аб- душукури Абдусаттор (Душанбе: Адиб, 2010); Камолуддини Баноӣ. Девони ашъор. Ба кӯшиши Саъдоншо Имронов. Муқаддима, бозхонӣ ва тавзеҳоти Х. Шарифзода ва М. Низомов (Душанбе: Пайванд, 2012); Абуалӣ ибни Сино. Маҷмӯаи асарҳои адабӣ. Таҳияи Худоӣ Шариф (Душанбе: Маориф, 2016).
Баъзе мақолаҳо ва китобҳои муҳим- ми донишмандони муосирро низ устод Худоӣ Шарифзода ба хатти кунунии тоҷикӣ баргардон ва чоп кардааст, ба мисли чунин асарҳо: Абдулҳусайни Зарринкӯб “Суруди аҳли Бухоро – куҳантарин намунаи шеър ба забони форсӣ” (бо навиштани муқаддима); Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил “Чаро забони форсиро дӯст дорам?”; Забеҳуллоҳи Сафо “Таърихи адабиёти Эрон”. Ҷилди аввал (Душанбе, 2001); Сайид Муҳаммади Хотамӣ “Гуфтугӯйи тамаддунҳо ва фарҳанги эронӣ” (Душанбе: Пайванд, 2002. – 213 саҳ, бо кириллӣ 127 с.); “Мурғи саҳар”. Мунтахаби ашъори Маликушшуаро Баҳор (Душанбе: Пайванд, 2006); Абулҳасан Алӣ Ҳасании Надавӣ “Достонҳои паём- барон”. Барои кӯдакон ва навҷавонон. Тарҷумаи Аббосалии Сарфарозӣ. Таҳияи матн ҳамроҳ бо Абдуллои Абдулҳайзода (Душанбе: Эҷод, 2006); Забеҳуллоҳи Сафо “Таърихи адабиёт дар Эрон ва дар қаламрави забони форсӣ”. Ҷилди дувум. Таҳияи Х. Шарифзода, А. Абдусаттор ва Б. Сайфиддинов (Душанбе, 2007); Забеҳуллоҳи Сафо “Таърихи адабиёт дар Эрон”. Ҷилди 4. Баргардон, муқаддима, тавзеҳоти Х. Шарифов, М. Низомов (Душанбе: Сино, 2011).
Солҳои охир аз тариқи рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” ва маҷаллаи “Садои Шарқ” огоҳ шудем, ки профессор Худоӣ Шарифзода қалами хешро дар эҷоди насри бадеӣ ҳам санҷидааст. Ба қалами устод як силсила ҳикояҳо тасниф шудаанд, ки соли 2017 дар китоби “Ёддоштҳо ва ҳикояҳои воқеъӣ” манзури доираи васеи хонандагон қарор дода шуд. Ҳикояҳои устод заминаи воқеӣ дошта, бо бофти ҳунарӣ такмил шудаанд.
Хидмати профессор Худоӣ Шарифзода дар омода кардани барномаҳои таълимӣ дар донишгоҳ ва барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хеле калон аст. Аз замони мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷик таъйин шудани эшон барномаҳои таълимии фанҳои кафедра ду маротиба таҷдиди назар ва омодаи чоп шуданд. Устод фанҳои балоғат ва суханварӣ, сабкшиносӣ ва мактабҳои адабӣ, сарчашмашиносӣ ва таҳлили матнро дар замони Истиқлолият ба таълими донишгоҳӣ ворид карда, бо роҳнамоии бевоситааш барномаи таълимии ин фанҳо ва барои баъзе китоби дарсӣ омода шуд. Устод Худоӣ Шарифзода омодакунандаи барномаи ҷадиди таълими адабиёти тоҷик барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад, ки аз соли 2006 то имрӯз таълими фанни адабиёт дар мактабҳои миёна аз рӯйи он ба роҳ монда мешавад. Дар ин барнома ба низоми илмии таърихӣ ва мавзуии таълими адабиёт, муносиби таълими мактаби миёна асос гузошта шуда, на дар се бахш (се синф), балки дар чор бахш (чор синф) ин фан тадрис меёбад. Адабиёти асрҳои XIII – нимаи аввали асри XVI ба бахши таълимии як синф ихтисос дода шуд.
Профессор Худоӣ Шарифзода дар таълим ва тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ, аспирантон, докторантон ва унвонҷӯён саҳми босазо гузоштааст. Таҳти роҳбариаш 44 нафар рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя кардаанд, ки панҷ нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ (аз ҶИА ва ҶИЭ) буданд. Худоӣ Шарифзода ҳам дар омода кардани кадрҳои илмӣ, ҳам дар дар таълим ва ҳам дар соҳаи илм устоди касби худ буд.
Мисбоҳиддини НАРЗИҚУЛ