Равшание ба гузориши соядори А. Сатторзода перомуни романи «Гардиши девбод»
Абдулҳамид САМАД
Сари иншои ин мақола ва ба нашр супоридани он хеле андешидам: зарур бошад ё не? Кирои посух додан мекунад? Магар муҳаққиқе аз сари инсоф ба ҳукмҳои сарсарӣ ва баҳсангези профессор Абдунабӣ Сатторзода оид ба романи дуҷилдаи «Гардиши девбод» посухи мунсифона медода бошад? Чун андешаҳои эътирознамо дар дил ба туғён омаданд, беҳтар донистам, ки онҳоро ба муҳокимаи аҳли назар гузораму синаро сабук бикунам. Зеро ба қавли Мирзо Бедил:
Пайдост рози синаи мо, Бедил, аз забон,
Як пораи дил аст забон дар даҳони мо.
Устод гуфт, ман низ мегӯям. Аз сӯи дигар муросо кардан ба каҷназарӣ ва каҷфаҳмонӣ дар олами сухан савоб набуду нест, зеро хонандаи имрӯзу фардоро ба вартаи шубҳаву гумроҳӣ меафканад. Яъне исботи ҳақиқат худ шарт, зарур ва ҳатмист. Дар ин маврид гуфтаи нобиғаи адабиёт Ф. Достоевский ба гӯш мерасад: «Агар аз ман пурсанд, ки ҳақиқатро интихоб мекунӣ, ё Исоро, ман бе дудилагӣ посух медиҳам: «Ҳақиқатро!» Оре, ҳақиқат ва ростӣ дар ҳама давру замон довари якрӯ мемонад. Аз ин хотир, банда ба худ иҷозат додам, ки барои андаке равшанӣ андохтан ба чанд нуктаи соядори гузориши А. Сатторзода дар маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон перомуни мавзӯи «Бозтоби замони Истиқлол дар адабиёт: бурду бохт» оид ба романи «Гардиши девбод» ин сатрҳоро қаламӣ бикунам. Дуруст аст, ки пас аз борҳо аз назар гузаронидани пораи маърӯзаи А. Сатторзода, ки ба романи «Гардиши девбод» бахшидааст, арзёбии эшон ба назарам на чун таҳлили лангардору беғаразонаи адабиётшиноси варзида, балки мисли ҳукми пурташвишу мутлақи сардори идораи «Главлит» ё сонсур намуд: а) Пеши роҳи он асарро мебоист гирифт; б) Асар оё арзиши бадеӣ дорад? Аз оҳанг ва мантиқи изҳори назари муҳаққиқ бӯйи ин маъниҳо эҳсос мешавад. Албатта, эшон сари андешаи хеш озод аст, вале дар сабки навиштори адабиётшиноси арҷманд фарҳанги пешину маъмулии ибрози назар: «ба андешаи ман, ба назари камина ё ба фикри ин ҷониб» риоя нашуда. Ҳукми мутлақ!
Муҳаққиқ на танҳо хонанда, балки маро бовар мекунонад: «Нависанда ин се фоҷиаи бузургро дар таърихи нав ва навтарини мардуми мо аз тариқи баёни саргузашти (?) яке аз деҳаҳои дурдасти Кӯлоб ба қалам овардааст. Ба сухани дигар, муаллиф он се фоҷиаро аз халлоҷии сару дили пиру ҷавони ин деҳаи кӯҳистони тоҷик гузарониданӣ шудааст». Ин фарзия аз аҷиб ҳам аҷибтар менамояд. Магар фоҷиаҳои хунрезу сарнавиштсӯзи якасраи миллат, ки бар асари шикасту рехт ва хиёнату нокомиҳо пойтахту шаҳрҳои қадимияшро бохтааст, дар рустои дурдасти кӯҳистон меғунҷанд? Ба муҳаққиқи гиромӣ маълум бод, ки «Гардиши девбод» романе аз ҷиҳати мавзӯъ, фарогирии масъалаҳо ва талошу пайкори қаҳрамонҳои армонӣ побанди маҳдудаи як русто, дара ё водӣ нест. Ҷуғрофиёи амалиёти қаҳрамону персонажҳои сахтсари гуногунхислати бо амри тақдир дар гирдоби фалокатбори гирудорҳо афтодаи романи «Гардиши девбод», ки камобеш 120 нафаранд, Бухорову Самарқанд, пасон саросари Тоҷикистонро фаро гирифта, ба Афғонистону Эрон, Қриму Севастопол ва Магадан мерасад. Ва агар дар гузориш муҳаққиқ мушобеҳи якдигар будани сарнавишт, рафтору кирдори қаҳрамонҳо ё гуфтору муколамаи персонажҳоро кашф мекард, бо арзи сипос аз пайи ислоҳашон мешудам.
Абдунабӣ Сатторзода иддао мекунад: «Ишора намудан ба касофати чанд «ҳаромӣ», «шайтон», «нутфаи шайтон», «оқипадару бедиёнати фитнаангез» «ношуду шуҳратхоҳу ҳазёнгӯ», «оташангезу ҷангҷӯ», «худхоҳи салладору баришуфаш», «шаробиву кулоҳпӯш», «босаводҳои навбаромади иғвогар», «даъвогари курсии мансаб», «Пешвои баришуфаш, Ҳазрат», «муллоҳои навбаромад», «роҳбарони хоини худӣ», «Роҳбарони говкаллаи Маскав» ва ғайра ва ҳоказо нокифоя аст». Басо аҷиб менамояд. Гӯё маърӯзачӣ маҳз барои забонкӯтоҳу муттаҳам кардани муаллиф ва назди хонанда паст намудани арзиши асар аз саҳифаҳои роман ин ҳамаро гирд оварда. Лекин хонандаи аз воқеаҳои нохуш огоҳ ва маънирас бояд донад, ки суханҳои талху шӯр, пурнешу таҳқиромез ё пурхашм дар роман дар маврид ва ҳолатҳои доғ аз номи нависанда не, балки аз муколамаи қаҳрамону персонажҳои ҷафокашидаву ҷонашон балабрасида бо нафрат садо медиҳанд. Ин хашму ғазаб ва садои дили озурдаи онҳост. Онҳо даҳу сад не, ҳазорон ҳазор буданд. Онҳо узви ягон ҳизбу ҳаракат набуданду сангарнишин ҳам не. Вале бо касофати он пархошу низоъангезиҳои аҳриманӣ хисороти беҳисоби хуниву ҷонӣ доданд, хонахароб, фирорӣ, дарбадару нонгадо, ғарибу хокбасар шуданд. Онҳо шабеҳи буттаҳое буданд, ки аз касофати ҷангу доманзании оташи кинаварзӣ сӯхтанд ва сӯхтанашонро худашон донистанду Худо. Ин гуфтаҳо аслан хотираҳои мардуманд, ки дар сурати эътирозу нафрат садо додаанд. Охир, аз ҷафову дарду доғи онҳо «Бӯйи ҷигари сӯхта олам бигирифт…» Агар ба ин гуфтаи банда бовар накунед, манзараҳои рӯзгори талхтар аз заҳри фирориёни тоҷикро дар мавзеи Кампи Сахии Афғонистон лаҳзаяке пеши назар биоред ва ё филми мустанади дилхарошро, ки аз рӯйи нома ва муроҷиати гурезаҳои нагунбахт ва изҳори дарди шоҳидон гоҳе намоиш медиҳанд, бубинед, дар сина ба ҷои дил санг ҳам бошад, аз чашм ашк ҷорӣ мешавад. Аҷиб, аз аҷиб низ аҷибтар аст, ки А. Сатторзода ҳама мақола ва баҳоҳои мусбати донишмандони суханшиносро ба роман сарфи назар карда, таъкид менамояд: «Мутаассифона, ҳам дар китоби якум ва ҳам дар китоби дуюм ҷанбаи таҳқиқи бадеӣ ба нисбат камтар буда, ҷанбаи ташвиқотию тарғиботии публитсистӣ бештар мебошад».
Мебахшед, тарғибу ташвиқоти чӣ? Ҷанг, хушунат, низоъ, дасиса, бадбинӣ, кинатӯзию ғасбу харобкорӣ?!
Аз андешаҳои карахту хунсардонаи устод гумоне ба дил нохун мезанад, ки эшон аз нобасомониҳои мудҳиши ба сари давлату миллатамон омада бехабар аст ва ё ба онҳо бетафовут менигарад. Ягон лаҳзаи ҳассосу дилрас дар ду ҷилди роман, ки панҷ бор дар нашрияҳои гуногун чоп шудааст, ба чашмаш нарасида. Бошад. Боке нест. Вале «Гардиши девбод» аз рӯйи ҳадафи муаллиф дорои рӯҳи солим, меҳандӯстӣ, худшиносӣ, инсонпарварӣ ва ҳушдордиҳанда мебошад. Тору пуди роман ва андешаҳои қаҳрамонон аз иродаи маҳками миллӣ, ҳамдил шудану аз як гиребон сар баровардан, дарду доғҳои шикасту парокандагиро даво бахшидан иборат мебошад. Ба ин имони комил дорам.
Ҳушдор аз он ки гардишҳои девбоди таърих борҳо ба решаи давлатдории мо теша зада, мардумро парешону талхком кардаанд. Ҳушдор ба наслҳои имрӯзу оянда, ки аз ошноӣ ба рӯйдодҳои даҳшатбору харобиовар, ҷудоиандозу шармовар, ки аз каҷравӣ, худхоҳӣ, ҷоҳталабии бархе ҳамватанон ба амал омад, ҳушёру зирак ва мавридшинос шуда, дигар чун гумроҳу фирефта содалавҳона аз паси найрангбозони авомфиреб нараванд, худрову пайвандонро сиёҳбахту бадном накунанд, сарзамин ва давлати соҳибистиқлолро зери хатар нагузоранд. Ин ҳушдор ба хотири пойдории осоиши миллат ва шукуфоии рӯзафзуни Тоҷикистон қарзи шаҳрвандӣ ва мояи ифтихори нависанда аст. Ва боз инро ҳам ошкоро мегӯям, ки ҳимояи шарафу ҳуқуқҳои маънавии он модарону занон, падарону фарзандон, ятимони ҷафодидаву бегуноҳони гумном, ки аз нобасомониҳо дар оташ сӯхтанд, дар рӯди Ому ғарқ шуданд, аз тири дайду ҷон бохтанду орзуву ҳасрат зери хок бурданд, ғарибмарг шуданд, қарзи адиб аст. Ба касофати киҳо мардуми бегуноҳ овораву қурбон шуданд?! Рӯҳи озурдаву сарсони шаҳидони он моҷароҳо гиребони киҳоро мегирад?
Шикасти шишаи дилро магӯ садое нест,
Ки ин садо ба қиёмат баланд хоҳад шуд.
Ва аз он ишораҳо агар касе худро бишносаду нам бикашад, аз сустии ирода, кирдорҳои ношоистаи хеш дар он айёми пургирудор гиламанд шавад. Воқеаҳои номатлубу пурэҳсос ҳар касро ба гирдобе кашонд. Ва он фоҷиаҳо захме дар пайкари миллат шуданду сӯзиши фаромӯшнашаванда доранд.
Ҳунар аз бунёдаш ҷони адабиёт аст. Ҳар шоиру нависанда, муҳаққиқ низ бешак ҳунарро ба андозаи зарфияти донишу биниши худ дарк мекунаду мепазирад, ҳазм менамояд, зиёда аз ин, нигоҳи гуногуни шинохти зебоӣ, ҳатто ҷузъиёти арзишмандро дар осори бадеӣ дорад. Шояд он асар ё ҷузъиётеро, ки муҳаққиқи арҷманд, – гап сари насри бадеӣ меравад, – аз ҷиҳати «таҳқиқи бадеӣ» воло мешуморад, дар зеҳну чашми дигаре ҷумлаҳои берангу равған ва мисли тароша хушк намояд. Яъне интихоб ва баҳогузорӣ ба арзиши коло ба завқу маърифат вобаста аст. Агар устодро ҳатто ин пораи саҳифаи охири роман «…Мирзо ду даст дар миён, паҳлавонвор байни ҳуҷра истод ва ба дару тиреза, фаршу сақф ва чор девори аз тир захмдор нигарист. Болои фарши пурхоку чанг китобу маҷалла ва аксҳои паҳну парешон ва зору ҳайрон мехобиданд. Аммо дар як бари девор ҳайкалҳои сип-сиёҳи ҳабашу мазангҳо, ки ҷуфт-ҷуфт дар ҳолати шодиву нишот, рақсу бозӣ офарида шудаанд, бегазанд ба мех овезон меистоданд… Мирзо хаёл кард, ки ҳайкалҳои сиёҳ ба ҳоли зори онҳо ва мардуми ҷафодида мастона даф мезананду мерақсанд. Ӯ аз ҳайкалҳо рӯ тофт ва чашмаш ба рубоби косааш шикастаи кунҷи ҳуҷра андармон гашт. Ба лаби Мирзо ханда давид, сипас ханда ба қоҳ-қоҳ табдил ёфту хомӯширо шикаст. Ба хандаи ӯ дигарҳо шарик шуданд…»
Ин лаҳзаякест, ки як фирории солҳо заҳру зақуми ғарибиро чашида, бо ҳамсар дар сафи ҳазорон ҳамқисматони худ пас аз имзои Созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ ба хонаву деҳаи тороҷдидаи хеш, ки ҳамшафати пойтахт аст, баргаштааст. Ва бо рубоби шикаста паёми сулҳу дӯстӣ ба гӯши мардум мерасонад: «Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд». Лекин ҳайкалҳои сиёҳпӯстони рақсон рамзеанд ба ҳоли зору залилӣ афтодани миллати куҳан- бунёду тамаддунофари тоҷик. Киҳо ин мардумро ба ин рӯзҳои сиёҳ расонданду хандасор карданд?!
Як андеша ва тамғагузории қолабиву обшустае, ки аз нақди рус паҳн шуд ва беш аз ним аср аз мақола ба мақолае интиқол меёбад, равшанӣ мехоҳад: «… намунаи барҷастаи чунин тарзи тасвир дар адабиёти ҷаҳон, насри адибони Америкаи Лотин, аз ҷумла Габриел Гарсиа Маркес ва дигарон мебошад». Ишора шояд ба истифодаи устураву ривоятҳо дар насри бадеӣ бошад. Лекин ин ишора чун дарбеҳи ноҷо, дурусттараш, ба қавли маъмул, мисли «Тангем» чаро баногоҳ аз пеш баромад ва ба «Гардиш…» чӣ иртиботе дораду посух ба кист? Албатта, баҳрабардорӣ ё илҳом гирифтан аз намунаҳои адабиётҳои пешқадам анъанаи қадимист. Вале, ба назарам, бояд як ҳақиқатро дарку эътироф бикунем. Адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо бо истифодаи фаро- вон аз устураву ривоят шоҳкорҳои зиёд дорад. Магар «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ»- и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, осори беҳисоби насри ривоятӣ, тафсиру таърихномаҳо, афсонаҳои халқи тоҷик аз ганҷинаи устураву ривоятҳо ғаниву рангин нестанд? Сарвату хазинае, ки барои истифода ба сад насли эҷодкор мерасад. Нависандаи ояндаи тоҷик билфарз ба насри Америкаи Лотин ошно набошад ҳам, аз ин сарчашмаҳои маънавӣ асарашро шодоб бикунад, боз бо ин «ҷурм» гунаҳгор дониста мешавад?
Аслан майдони адабиёт варзишгоҳ набуду нест. Дар ин паҳнои муқаддас адибонро ба тездавак ангехтан ё аз рӯи шеваву ҳадафҳои номатлуби пешин ба асаре баҳои арзону сарсарӣ додан суде намебахшад. Арзиши асари шоистаи адабиёт, «ҷанбаи тадқиқи бадеӣ», «ҷанбаи ташвиқотию тарғиботии публитсистӣ»-и онро шояд давроне, ки муаллиф ва мунаққид дар хонаи охираташон маъво доранд, ғайри ихтиёри мо замон ва хонандаи оянда муайян мекунад. Ҳангоми таҳқиқи асари доманадор, ба қавли М. Шолохови хирадманд, «аробасавор рафтан (муҳаққиқро дар назар дорад – А. С.) хубтар аст». Дар он сурат бегумон мунаққид аз рӯйи адлу инсоф бурду бохтро хубтар медид. Дигар дар ин замони пурҳодиса Худованд ба мо «имону амону тандурустӣ» диҳад.