Бузургтарин ҳамосасарои муосир
27 май дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат маҳфили адабӣ баргузор гардид.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, муовини аввали раис Ато Мирхоҷа, Шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Рустам Ваҳҳобзода, котиби масъули бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ВМКБ Лаълҷубаи Мирзоҳасан, адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон ва дигарон дар бораи рӯзгору осори шоир суханрониҳои судманд карданд. Парда Қосим, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон аз ашъори Муъмин Қаноат сурудҳо хонд.
Низом Қосим дар бораи қудрату маҳорати воло ва хоссаи шоирии устод Муъмин Қаноат , инчунин мартабаву эътибори баланди адиб дар доираҳои адабии байналмилалӣ суханронӣ намуд.
Ба гуфтаи гардонандаи маҳфил, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, ҳам худи Муъмин Қаноат роз буд, ҳам шеъраш . Бадараҷае, ки агар дар тақлиду пайравии тамоми шоиронамон касе чизе гуфта бошад, дар тақлиду пайравии Муъмин Қаноат ҳеҷ кас мисрае гуфта натавонист, чунки сатҳаш хеле баланд аст. Дар адабиёти классикӣ, дар услуби Носири Хусрав касе чизе нанавиштааст, дар адабиёти имрӯзаи мо дар услуби Муъмин Қаноат.
Гулрухсор Сафӣ хотираҳои ҷолиб аз зиндагии шоиронаи Муъмин Қоноат нақл карда, гуфт, ки устод яке аз охирин шоироне буд, ки моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардааст. Дар шеъри ӯ ҳарферо ҷунбонидан имкон надорад, мисли он ки хиштеро аз биное бигирем, он бино вайрон мегардад. Муъмин Қаноат ба шеър муносибати ҷиддӣ дошту онро хуб мефаҳмид. Баъди Муъмин Қаноат мо шарм мекардем, ки чизи бад нависем. Хонандаҳои ӯ ҳам ҷиддиву фарҳангиву шеърфаҳманд.
Аз Муъмин Қаноат кӯтоҳ гуфтану хуб гуфтанро омӯхтем. Ӯ рафт, аммо касе ба ҷояш нарасид. Ҳамаи мо шогирдони ӯ ҳастем.
Чанде пеш тарҷумаҳои Муъмин Қаноат аз бойгонии «Садои Шарқ» гирдоварӣ шуда, дар шакли маҷмуаи алоҳида дар нашриёти «Адиб» чоп шуд. Тавре масъули ин иқдом — Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода гуфт, он фарогири тарҷумаҳо аз эҷодиёти зиёда аз 50 адиби дунё мебошад.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло низ дар навбати хеш аз Муъмин Қаноат ҳамчун ташкилдиҳандаи як марҳилаи нави шеъри имрӯзаи мо ёдоварӣ карда, таъкид дошт, ки ӯ дар заминаҳои гузоштаи Мирзо Турсунзода ва дигарон шеъри моро аз умумигӯиву урёнбаёнӣ озод кард. Ба шеъри мо пироҳани тозаи бадеӣ пӯшонид. Санъати шеъри моро баланд бардошт ва мазмуну муҳтавои миллӣ дод. Аз дасти ҷавонҳо гирифта, онҳоро аз кӯчаҳои шаҳр ба кӯчаҳои шеър овард.
— Аввалин шеърҳои «Муъмин Қаноат, ки дар маҷмуаи «Шарора» ба нашр расидаанд, ҳанӯз ҳам дар забони моянд. Дар маҷмуаи мазкур шеърҳое буданд, ки аз ояндаи равшани шоири бузурги ҳамосасаро дарак медоданд. Онҳо шеърҳое буданд, ки ҷанбаи ҳамосӣ ҳам доштанд. Ҳамин тавр, Муъмин Қаноат яке аз беҳтарин достонсароёни муосир гардид, — гуфт Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон.
Маҳфил бо қироати шеърҳои баландмазмуни Муъмин Қаноат поён ёфт.
Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, «АС»