Барои масъулияти бештари нашрия ва муаллифон
29 апрел дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолияти ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» дар соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Адибону адабиётшиносон, муаллифону хонандагони доимии нашрия ва кормандони он дар нишаст иштирок карданд. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар сухани ифтитоҳии худ зикр кард, ки пеш аз ҳама бо кўшишу талоши роҳбарияти ИНТ ва ҳайати таҳрири ҳафтанома сол то сол навиштаҳои беҳтар ба дасти хонанда мерасанд.
Адабиётшинос Бадриддин Мақсудзода, муҳаққиқ Нуриддин Бозорзода, нависанда Шодӣ Раҷабзод ва шоир Абдуллоҳи Раҳ намо дар бораи назму наср ва нақду публитсистикаи дар ҳафтавор ба нашр расида маърузаҳои хешро пешниҳод карданд (матнашон пурра дар ҳафта нома чоп мешавад).
Шоирону нависандагони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Бахтиёр Муртазоев, Муҳаммад Ғоиб, Рустам Ваҳҳобзода, адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон, нависандагон Карим Давлат, Зариф Ғулом, Абдурауф Муродӣ ва дигарон андешаву пешниҳодҳои худро барои хонданитар шудани ҳафтаномаи адабӣ иброз доштанд. Зикр гардид, ки бояд муаллифон талаботи ҳафтаномаро риоя карда, маводи аз меъёри муқарраршуда зиёдро барои чоп пешниҳод нанамоянд.
Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон гуфт, ки дар интихобу сара кардани шеър барои чоп бояд кормандони ҳафтанома сахтгиртар бошанд. Дар гузашта ҳар чизе, ки барои чоп пешниҳод мегардид, аз ҷумла, шеър, қаблан аз муҳокима мегузашт. Ҳатто шеъри шоирони тавоно ҳам ду-се бор бозгардон мешуд. Баъд аз бозхониҳову таҳрирҳои ҷиддӣ ба нашр мерасид. Аз ин амал ҳама бурд мекард. Бояд имрўз ҳам беҳтарин навиштаҳо дар ҳафтанома нашр гарданд. Шоирони зиёд дорем, ки аз эҷодиёти онҳо имкони интихобу сара кардани шеърҳо васеъ аст.
Муовини сармуҳаррири Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдураҳмони Абдуманнон асосан дар бораи тарҷумаҳое, ки дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба нашр расидаанд, андешаронӣ карда, аз ҷумла, гуфт, ки шеърҳо хуб тарҷума шудаанд, махсусан, шеърҳои Михаил Синелников аз ҷониби Рустам Ваҳҳобзода. Ҳам мундариҷа, ҳам бадеияту мазмун ва ҳам рўҳ дар онҳо нигоҳ дошта шудаанд. Ба гуфтаи адабиётшиноси маъруф, тарҷумаи чанд ҳикоя низ аз ҷониби нависанда Сироҷиддин Икромӣ хуб анҷом дода шудааст. Ҳикояҳои мазкур ҳам барои маърифати ҷомеаи мо, ҳам барои тарбияи он аҳаммият доранд. Тавре номбурда, таъкид намуд, Сироҷиддин Икромӣ барои тарҷума асарҳои хубро интихоб мекунад. Тавре Абдураҳмони Абдуманнон гуфт, тарҷумаҳои тарҷумони ҷавон Сурайё Аҳмадзод низ хонданбобанд.
— Дар ҳафтанома бояд ба таври мунтазам дар бораи роҳҳои муваффақ шудани адибони бузурги ҷаҳонӣ мақолаҳо ба нашр расанд, ки бисёр муҳимманд, — иброз дошт зимни суханронӣ Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон.
Нависанда Абдурауф Муродӣ пешниҳод кард, ки бояд ҳавасмандгардонии муаллифони доимӣ ва пуркори ҳафтанома ҳамеша дар мадди назари масъулин бошад, то ин ки беш аз пеш навиштаҳои беҳтарро барои чоп пешкаш намоянд.
Дар охир сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Парда Ҳабиб барои иштироки ҳозирин дар баррасии фаъолияти яксолаи нашрия миннатдорӣ кард. Номбурда гуфт, ки ҳар пешниҳоду дархост барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати ҳафтанома сабаб мегардад. Ҳайати кормандони ҳафтанома бо маслиҳату машварати адибон метавонанд, ки вазифаҳои ба дўш гирифтаашонро хубтар иҷро намоянд.
Тоҷиддини АЗИЗ