Адиб ва публитсисти пуркор

 Адиб ва публитсисти пуркор

15 апрел дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии нависанда ва публитсист Карим Мўсо маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар сухани ифтитоҳии хеш аз хидматҳои Карим Мўсо пеш аз ҳама дар рангу бори дигар гирифтани жанри очерк дар адабиётамон ёдовар шуда, номбурдаро аз қаламкашони пурмаҳсул ном гирифт.

Адабиётшиносон Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Шамсиддин Солеҳ дар маърузаҳои худ аз рўзгору осори Карим Мўсо сухан карданд. Зикр гардид, ки Карим Мўсо бо навиштаҳояш дар шинохти Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Файзулло Ансорӣ, Ҷумъа Одина, Убайд Раҷаб, Лоиқ Шералӣ, Мастон Шералӣ, Раҳмат Назрӣ, Одина Ҳошим, Бўриннисо Бердиева ва дигарон саҳми зиёд гузоштааст. Насри ў низ завқи хонандаро ба адибу адабиёт бештар мегардонад.

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, адиби шинохта Мирзо Шукурзода, номзади илмҳои филологӣ Наргис Усмонова, директори радиои «Тоҷикистон» Саидҷон Обидзода, раиси иттифоқи касабаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохон Сатторов ва дигарон низ дар бораи фаъолияти эҷодии Карим Мўсо суханронӣ намуданд. Таъкид шуд, ки мавсуф дар баробари солҳои зиёд дар радио фаъолият кардан пайваста асарҳои бадеиву публитсистӣ менигорад.

Нависанда ва публитсисти пуркор Карим Мўсо барои хидматҳояш дар соҳаи адабиёт бо нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Эҷодкорони ҷавон Бузургмеҳри Тоҷиддин ва Синои Абўалӣ шеърҳои ба Карим Мўсо бахшидаи худро қироат карданд.

Сипас «Ошиқи миллати ишқниҳод» ном китоби тозанашр, ки ба ифтихори 70-солагии Карим Мўсо аз чоп баромадааст, рўнамоӣ гардид. Китоби мазкур аз ду бахш: меҳрномаи дўстону ҳамкорон ва баргузидае аз нигоштаҳои нависанда, ки аз соли 1972 то ин дам дар рўзномаҳои кишвар нашр шудаанд, иборат аст. Муаллифи пеш- гуфтори китоб муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод мебошад. Мақолаву очерк, ҳикояву ёддошт, тақризу китобиёт, қиссаи мустанади таърихиву мусоҳиба ва дигар нигоштаҳои Карим Мўсо ва меҳрномаҳои дўстону ҳамкорон, аз қабили Равшани Ёрмуҳаммад, Мирзо Шукурзода, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Шамсиддин Солеҳ, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Ҳанифаи Муҳаммадохир, Обидҷон Саидзода, Шаҳобиддини Ҳақназар, Алихон Зарифӣ, Убайдулло Акрамзода, Сайвалӣ Раҷабзода, Синои Холиқ, Гулбону Бозорова, Хушбахти Бекзод, Меҳринисои Ҳомид ва дигарон дар бораи Карим Мўсо дар китоб гирдоварӣ шудаанд.

Убайдулло Акрамзода дар рафти маҳфил бо сурудҳои дилнишин хотири ҷамъомадагонро болидатар гардонд.

Дар охири маҳфил соҳибҷашн ба роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои баргузор кардани чунин чорабинӣ изҳори сипос кард.

Тоҷиддини АЗИЗ

Дигар хабарҳо