Ҳикоя ва замон
18-уми феврали соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзўи «Жанри ҳикоя ва инкишофи он дар насри муосир» мизи гирд баргузор гардид, ки дар он адибону пажуҳишгарони шинохта ширкат варзиданд.
Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар оғоз изҳор дошт, ки ҳикоя аз муҳимтарин ва пурхонандатарин жанрҳои насри бадеӣ буда, аз нависанда маҳорату ҳунари хос талаб мекунад ва на ҳар қаламбадасте дар эҷоди он муваффақ мешавад. Номбурда нақши нависандагони хуби ҳикоянавис Фазлиддин Муҳаммадиев, Баҳманёр, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муаззама ва Муҳаммадраҳими Сайдарро дар ривоҷ ёфтани ин жанр хеле назаррас арзёбӣ кард ва вобаста ба вазъи кунунии ҳикоя чунин гуфт: «Мо бояд масъалаи сатҳу сифат, ҳусну қубҳ ва рушди ҳикояро дар адабиёти имрўз дар миён гузорем ва муайян кунем, ки ҳикоянависони мо имрўз дар ин замина чӣ дастовардҳое доранд».
Сипас мудири бахши насри Иттифоқи нависандагон Сироҷиддин Икромӣ дар бораи ҳикояҳои солҳои охир эҷодшуда ва нуқтаҳои заъфу қуввати онҳо гузориш дод. Дар гузориш аз ҷумла чунин зикр шуд: «Умдатарин шарти ҳикоя, дар баробари забони фасеҳу равон, дарёфти мавзўи тоза, сужаи ҷолиб, корбурди гардишҳои ғайриинтизор ва паём ба хонанда аст, бо чунин сурат ками дар кам ҳикоя ба чашм мехўрад».
Номбурда ҳамчунин гуфт, ки ҳамасола дар нашрияҳои ИНТ ҳудуди сад ҳикоя интишор меёбад, вале мутаассифона, бештари ин ҳикояҳо аз доираи назари мунаққидонамон дур мемонанд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо зимни суханронӣ вобаста ба мавзўъ дар мисоли ҳикояҳои нависандагон Раҳим Ҷалил ва Фазлиддин Муҳаммадиев чунин гуфт: «Пештар нависандагони ҳикоянавис ҳамқадами замон буданд ва дар ҳикоя набзи ҳаёт ва замона эҳсос мешуд. Ҳоло ҳам баъзе ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро хонда, дармеёбем, ки аз баъзе ҳикояҳои имрўз беҳтаранд. Ҳикоя жанри воқеан душвор ва заҳматталаб аст». Нависанда ва муҳаққиқ Мирзо Шукурзода замони шўравиро даврони авҷи рушди ҳикоя дониста, дар ин росто аз ҷумла хидматҳои бузурги Фазлиддин Муҳаммадиевро таъкид кард. Ба гуфтаи ин адиб, вақти он расидааст, ки маҷмўаи махсуси ҳикояҳои беҳтарини нависандагони муосири тоҷик ба чоп расад.
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар баробари зикри баъзе ҷиҳатҳои хуби ҳикоянависони имрўз, баъзе камбуду норасоиҳо, аз ҷумла нақли хушку урён доштан ва орӣ аз тасвиру бадеият будани баъзе ҳикояҳоро баён дошт.
Адибон Шералӣ Мўсо, Ато Мирхоҷа, Маҷид Салим, Муртазо Зайниддинзода, Ҷумъа Қуддус, Мирзонасриддин, Шодӣ Раҷабзод, Иззатбек Идизод ва Муҳриддин Сабурӣ низ андешаҳояшонро иброз намуданд.