Сухан аз шеъри дилкаши Жола
16-уми феврали соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибону пажуҳишгарон ва донишҷўён ба муносибати 100-солагии шоираи маъруф Жола Бадеъ маҳфили ёдбуд баргузор гардид.
Дар бораи рўзгори пуршўр, муборизаҳои озодихоҳона, муҳоҷирати Жола аз ватанаш Эрон ба Иттиҳоди Шўравӣ, робитаи ў бо Тоҷикистон ва аҳли адабу мардуми он муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа зимни ифтитоҳи маҳфил ба таври васеъ маълумот дод.
Сипас шоираи ҷавону умедбахш Оминаи Ҳамроҳ пеш аз суханрониҳо шеъре аз Жола қироат намуду фазои маҳфилро шоирона кард.
Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода дар маърўзаи махсуси худ дар бораи вижагиҳои шеъри Жола, пажуҳишҳои илмӣ ва умуман ҷойгоҳи ў дар шеъри муосири форсии тоҷикӣ ибрози назар кард. Номбурда аз ҷумла баён дошт, ки нақши Жола Бадеъ дар эҷоди шеъри нав ва ҳам дар пажуҳиши он хеле равшан аст.
Ҳамчунин, номбурда гуфт: «Жола ба Тоҷикистон ва мардуми он муҳаббати зиёд дошт ва дар бораи он шеърҳои ҷолиби пурмеҳр гуфт. Вақти он расидаст, ки мо гулчин ё куллиёти осори ўро таҳияву чоп кунем ва дар бораи шеъри навоваронаи ў пажуҳишҳои хос анҷом бидиҳем».
Аз шиносоӣ ва дидору суҳбатҳояшон бо Жола Бадеъ адибону донишмандони маъруф Аскар Ҳаким, Абдунабӣ Сатторзода, Абдураҳмони Абдуманнон, Абдулҳамид Самад, Иброҳим Усмонов ва дигарон нақлу суҳбати ҷолиб карданд.