Гиромидошти адиби фидоӣ
Ба муносибати 110-солагии нависанда ва публитсист Алӣ Хуши Найистонӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабиву илмӣ доир гардид.
Маҳфилро муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа бо суханронии муфассал дар бораи хидматҳои шоёни Алӣ Хуш дар ташаккули адабиёти муосир ва матбуоти тоҷик дар солҳои бистуму сиюми қарни гузашта ҳусни оғоз бахшид.
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Абдулҳай Маҳмадамин дар бораи арзиши баланди эҷодиёти Алӣ Хуш ва сарнавишти ин адиби фидоӣ суханронии ҷолиб дошт. Аз ҷумла олим чунин гуфт: «Алӣ Хуш дар 25-солагӣ ба иттиҳоми сохта зиндонӣ ва эъдом шуд. Муддати кори эҷодияш ҳамагӣ шаш сол буд. Аммо дар ин муддат асарҳои зиёд ба вуҷуд овардааст. Хуб аст, агар Ҷоизаи Алӣ Хуш барои журналистони муваффақ барқарор гардад».
Сипас дар бораи паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти адиб маърўзаи ҷолиби нависанда Диловари Мирзо шунида шуд.
Нависанда Маҷид Салим дар ҷараёни маҳфил чунин изҳори назар кард: «Мутаассифона, дар таҳқиқоти адабиётшиносии даврони шўравии тоҷик баноҳақ дар бораи хидматҳои бузурги адабии Алӣ Хуш тақрибан чизе гуфта нашудааст».
Ҳамчунин дар бораи рўзгору осори адиби пурмаҳсул Шоири халқии Тоҷи- кистон Рустам Ваҳҳобзода, нависандаи шинохта Сироҷиддин Икромӣ ва дигарон сухан гуфтанд.
Дар охир зикр шуд, ки Алӣ Хуши Найистонӣ яке аз бунёдгузорони насри таърихиву иҷтимоӣ, журналистикаи касбии тоҷик ва аз муассисони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Зиндагӣ ва осори ў ҳанўз ниёз ба пажуҳишҳои густарда дорад.