Поси хотири нависанда
4-уми феврали соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии нависандаи маъруф, шодравон Равшани Ёрмуҳаммад маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Дар маҷлисгоҳ нависандагону шоирон, ҳамқаламону дўстон ва пайвандони нависанда ҳузур доштанд.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагон Равшан Махсумзод дар ибтидо роҷеъ ба фаъолияти пурбори адабии Равшани Ёрмуҳаммад, аз ҷумла дар бораи асарҳои таърихии «Ишқи Рўдакӣ», «Бармакиён», «Низомулмулк», ки барои худшиносиву меҳанпарастӣ ва зинда нигоҳ доштани ҳофизаи таърихӣ метавонанд нақши равшан дошта бошанд, сухан гуфт.
Сипас мудири бахши насри ИНТ Сироҷиддин Икромӣ перомуни қиссаи то кунун нашрношудаи нависандаи марҳум – «Хонае дар лаби ҷар» маърўзаи ҷолиб кард. Зикр шуд, ки ин асар охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта иншо шудааст, вале то кунун рўи чопро надидааст. Ба гуфтаи С. Икромӣ, қиссаи мазкур хеле ҷолибу хонданӣ ва аз лиҳози ҳунари нависандагӣ арзишманд мебошад ва бояд ба шакли китоб интишор ёбад.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, нависандагон Мирзо Шукурзода, Юнус Юсуфӣ, Маҷид Салим, Зариф Ғулом, Мансур Суруш ва тарҷумон Искандар Ҳамроқулов дар бораи ошноиву ҳамкории худ бо Р. Ёрмуҳаммад қиссаҳои ҷолиб карда, бо зикри сифатҳои шахсияту эҷодиёти ў шамъи хотираашро фурўзон намуданд.
Дар охир бародари нависанда Амиршоҳи Ёрмуҳаммад барои қадршиносиву посихотирдорӣ ба ҳамагон изҳори сипос кард.