Пайванди адабиётҳо — пайванди халқҳо

 Пайванди адабиётҳо — пайванди халқҳо

Бо дархости Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров мулоқоти ў бо Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. Низом Қосим меҳмонро бо таърихи созмони эҷодӣ ва ҳаёти имрўзаи он ошно карда, аз робитаҳои бисёрасраи халқу кишварҳоямон ҳарф зад.

Алимирзамин Аскаров аз робитаҳои ҳасанаи ду кишвар дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, ҳамкориҳои адабиро зарур шуморид. Тавре зикр гардид, Ҳаким Низомӣ, ки дар хоки Озарбойҷон зиндагӣ ва ба забони тоҷикӣ эҷод кардааст, рамзу раҳнамоии ин ҳамкориҳо буда метавонад.

Ҷонибҳо ҷиҳати эҳёву густариши робитаҳои бештари адабӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон ба мувофиқа расиданд.

«АС»

Дигар хабарҳо