Нашриёти «Адиб» маҷмӯаи «Ахтарони адаб»-ро иборат аз 50 ҷилд аз чоп баровард
Бори нахуст дар таърихи кишвар бо ибтикори ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби Фонди захиравии Сарвари давлат силсилаи китобҳои қаламкашони барҷастаи тоҷик «Ахтарони адаб» иборат аз 50 ҷилд бо сифати баланд ба нашр расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба итмом расидани нашри силсилаи мазкур воқеаи ниҳоят фараҳбахши фарҳангӣ ва таърихӣ мебошад. Дар ин силсилакитоб осору ашъори адибони тоҷик аз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то нависандагону шоирони муосири мо гирд оварда шудаанд.
Маросими рӯнамоии силсилакитоби «Ахтарони адаб» ва китобҳои дигари тозанашр, ки тавассути нашриёти «Адиб» ба табъ расидаанд, рӯзи 10 феврали соли равон, соати 10.00 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки олимону адибон, намояндагони муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои эҷодии кишвар баргузор мегардад.
Барои алоқамандони китоб дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти «Адиб» соати 8.00 шурӯъ мешавад.
«Ховар»