Семинари муҳим дар боргоҳи адибон
31-уми январ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзўи «Мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризм дар осори публитсистӣ» бо иштироки аҳли адаб ва рўзноманигорон семинари илмиву адабӣ баргузор гардид.
Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар оғоз мубрамияти мавзўи мазкурро дар ҷаҳони имрўза таъкид намуда, иброз дошт, ки семинар бо мақсади огоҳии бештар ёфтани адибон аз масъала ва фаъол шудан дар мубориза алайҳи он доир мешавад.
Дар семинари мазкур адиб ва публитсист, муаллифи чандин асари марбут ба мавзўи мавриди назар Давлат Назиров дар атрофи паҳлуҳои мухталиф ва решаву маншаи пайдоиш ва густариши терроризму ифротгароии динӣ маълумот дод. Номбурда зимни суханронияш аз ҷумла дар бораи шаклгирии гурўҳҳои ифротгаро, нияту мақсади нопоки онон ва харобкориву сўзандагиҳояшон бо руҷўъ ба фаъолияти тундгароёнаи гурўҳҳои мушаххасе, ки имрўз барои аҳли башар хатару мусибат эҷод мекунанд, ба таври муфассал суханронӣ кард.
Зикр гардид, ки дар масири мубориза бо терроризм ва ифротгароии динӣ публитсистика аз беҳтарин ва таъсиргузортарин воситаҳо ба шумор меравад ва эҷодкорон бояд аз он ҳадафмандона истифода кунанд. Дар ҷараёни семинар ҳамчунин муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод перомуни мавзўъ ибрози назар кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки адибони мо минбаъд дар ростои мубориза бар зидди ин падидаи шум бо қалами худ мубориза хоҳанд бурд.
Дар охир иштирокдорони семинар ба пурсишҳои худ вобаста ба мавзўъи мазкур посухҳои муфассал гирифтанд.