ТОҲИРӢ ДАВЛАТШОҲ

 ТОҲИРӢ ДАВЛАТШОҲ

ДАВЛАТШОҲИ ТОҲИРӢ 16 апрели соли 1947 дар деҳаи Кӯктоши ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Соли 1966 Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакентро хатм карда, чанде дар зодгоҳаш муаллими мактаб будааст. Баъдан Донишгоҳи давлатии Самарқандро ба итмом расондааст. Ҳоло устоди Донишгоҳи озоди Тоҷикистон ва сарвари бахши Зарафшонии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурист. Бештар ба навиштани қиссаҳои таърихӣ иштиғол меварзад. Қиссаву ҳикояҳояш дар матбуоти даврӣ чоп шудаанд.

Муаллифи маҷмӯаҳои «Дуъои модар» (Хуҷанд, 1997), «Ситораи Рӯдак» (Панҷакент, 1997), қиссаву романҳои таърихии «Деваштич», «Оли Сомон», «Суғдидухтари уднавоз», «Меванча», «Ишқи шаҳбону», «Дили Бедил», «Таронаҳои диёри Рӯдакӣ» ва ғ. мебошад. Романи «Рухшона»-и ӯ аввал дар моҳномаи «Хуҷанд» (1997-1998), баъдан дар шакли таҳриру такмилёфтаи «Спитамен – Рухшона – Искандар» (2012) ба табъ расидааст.

Бо нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001), «Сухан» (2008), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2013) ва ифтихорномаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ қадр карда шудааст.

Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо