Достони тиллоии Миршакар
Холиқ Мирзозода
Соли равон ба нашри «Қишлоқи тиллоӣ», достони машҳуру дилписанди Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирсаид Миршакар, ки вирди забони хонандагони тоҷик гардидааст, 80 сол пур мешавад. Достони мазкур орзуву омоли гузаштагони моро таҷассум менамояд ва ҳаёти осудаву сулҳу дўстиро тараннум карда, хотимаи он амалӣ гардидани ниятҳои ҳаётдўстонаро бозгў месозад. Устод аз аввалин адибони тоҷик мебошад, ки барои ин достон (ҳамроҳ бо достони «Панҷи ноором») соли 1950 ба Мукофоти давлатии СССР лоиқ дониста шудааст. Ҳанўз аз даврони ҷавониаш Мирсаид Миршакар комёбиҳои дурахшони эҷодию адабӣ ба даст оварда, дар муҳити ҷамъиятии Тоҷикистон ва собиқ шўравию берун аз он ҷойгоҳи волову арзанда касб намудааст. Адабиётшиноси барҷастаи тоҷик, профессор Холиқ Мирзозода бо дарназардошти қимати таърихию бадеии осори Мирсаид Миршакар рисолаи худро таҳти унвони «Қуллаи камолот» (1982) ба табъ расондааст, ки дар баробари таҳқиқоти дигари густардаи донишмандони ватанию хориҷӣ аҳамият ва вижагии эҷодиёти шоирро нишон медиҳад. Инак порае аз он:
Чи тавре ки дар бобҳои гузашта дидем, шаклҳои хурду калони жанри назм ҳамеша ҳамсафари эҷодии М. Миршакаранд. Аммо дар давраи баъдиҷангии эҷодиёти ў шаклҳои хурди назм торафт кам шуда, шакли калони он – достон ҷойи аввалиндараҷаро ишғол кардааст. Тасодуфӣ нест, ки дар аксарияти достонҳои ў, махсусан достонҳои калони «Қишлоқи тиллоӣ», «Панҷи ноором», «Дашти лаванд» ва ғайра маҳсули адабии давраи баъд аз ҷанганд ва камолоти эҷодии ўро нишон медиҳанд…
«Қишлоқи тиллоӣ». Ин достон (соли 1942-1947) дар асоси афсонаи халқии помирӣ навишта шудааст. Чи тавре ки худи шоир мегўяд, вай ба ин достон чизе ҳамроҳ накарда, аз забони гўяндааш нақл намудааст:
Ҳикоят кард помирии доно,
Ба назм оварда, бинвиштам дар ин ҷо:
Вале аз худ дар ин дастони тайёр
Ягон ҳарфе на кам кардам, на бисёр.
Асоси фолклории достонро пеш аз ҳама қисми даромади он, ки шоир дар ин қисм дар бораи ин сюжетро аз забони гўяндаи халқ шунидани худ ва асрҳо боз аз забон нақл ёфтани он ривоят кардааст, тасдиқ менамояд:
Нишастам дўш бо марди куҳансол, —
Аҷаб пири суханвар буду хушҳол.
Шунидам ман ҳикоятҳои ўро,
Ба назм оварда, бинвиштам дар ин ҷо:
Шунидам аз падар ин достонро.
Падар бишнида аз бобош онро,
Вале бобо зи бобоҳои дигар
Шунидаст ин ҳикоятро, бародар.
Шоир дар ин қисми достони худ анъанаи классикҳои адабиёти тоҷикро, ки афсонаҳои халқиро аз забони гўяндагон нақл мекарданд, давом медиҳад.
Оғози сюжети достон чунин аст: Шахсе барои сайд ба дараи кўҳе рафт. Дар он ҷўйи обе буд ва дар об себи сурхе меомад, ки нишонае аз мавҷуд будани боғи зебое дар ин дара мебошад. Қаҳрамони асар ба ҷустуҷўйи ин боғ равон мешавад ва дар роҳ ба гулзоре мерасад, ки тавсифаш романтикӣ аст:
Баногаҳ уфтодам дар гулистон,
Баҳор он ҷо ҳамеша, бе зимистон.
Халоиқ ҷумла он ҷо бахтёранд,
Ҳама шоду ҳама масти баҳоранд.
Намедонанд номи зулму золим,
Хирадманданду доноянду олим.
Табиат зердасти халқи озод, —
Чунин аст иқтидори одамизод.
Ба зери пояшон марҷону гавҳар,
Ҳама асбобашон аз симу аз зар.
Ҷавонон андар он ҷо шоду хуррам,
Ҳама ишқу муҳаббат баста бо ҳам.
Аҷаб зебо ҳаёти мўсафедон,
Вафодоранд шогирдони онон,
Ҳама бар якдигар гўё бародар,
Ба кори якдигар ёранду ёвар.
Занон ҳам мисли мардон сарфарозанд,
Ғазал хонанду рақсанду навозанд.
Зи меҳнат ҳеҷ кас сарро натобад,
Агар сар тобад ў, ҳосил наёбад.
Ба ҳар чизе расад гар дасти одам,
Фаровон мешавад маҳсулаш он дам.
Диёри нозанину дилкушошон
Ҳамеша лолазор асту гулистон.
Баҳори бехазон он ҷо ҳамеша,
Дили одам ҷавон он ҷо ҳамеша.
Дар адабиёти тоҷик аз афсонаҳои халқӣ истифода бурда, дар бораи ҳаёти озод, осоишта ва бе золиму мазлум сухан рондан нав нест. Низомӣ (асри XII) ва Ҷомӣ (асри XV) дар «Искандарнома» ва «Хирадномаи Искандарӣ»-и худ дар эпизоди «Рафтани Искандар ба мулки Шимол», Аҳмади Дониш (асри XIX) дар «Фаромўшхона»-аш ва С. Сиддиқӣ (Аҷзӣ, асри XX) дар достони «Миръоти ибрат» дар бораи ҳаёти озодонаи инсон мулоҳиза рондаанд. Мо, ҳеҷ набошад, барои бо достони Низомӣ муқоиса намудани достони М. Миршакар матни нисбатан пурраи тасвиркунандаи «Қишлоқи тиллоӣ»-ро овардем, то ки характери хаёлӣ доштани тасвири дунёи озодро, ки дар классикҳо дида мешавад ва тасвири реалистона доштани ҳаёти озодро, ки М. Миршакар нишон додааст, бо чашмони худ мушоҳида менамоем.
Дар достони «Қишлоқи тиллоӣ» аз рўйи нақли Сайёд даҳ нафар аз деҳқонони камбағал ва хонахаробшуда ба ҷустуҷўйи Қишлоқи тиллоӣ ба кўҳу дашт ба сафар мебароянд ва ҳар кадом ба ҳар тараф мераванд. Манзил тай мекунанд, аз мамлакате ба мамлакате ва аз дашту саҳро ба деҳаву шаҳрҳо мераванд, вале Қишлоқи тиллоиро намеёбанд.
Аксарияти онҳо дар мусофират бо хорию зорӣ вафот меёбанд. Як нафар аз онҳо, ки зинда монда буд, бо орзуи ватан аз мусофират бозгашта, ба қишлоқе меояд, ки он ба ҳамон Қишлоқи тиллоии афсонавӣ монандӣ дошт.
Мусофир дар ин қишлоқ ба ҷавоне дучор меояд, ки ў писари худи вай – Шарафҷон буд. Шарафҷон ба ў мефаҳмонад, ки ин ҳамон қишлоқи пешина аст, вале дар натиҷаи ёрии Ҳокимияти Советӣ ва ғалабаи сохти колхозӣ тамоман тағйир ёфта, ба қишлоқи ҳақиқӣ мубаддал гаштааст.
Достони «Қишлоқи тиллоӣ» он асари реализми сотсиалистӣ аст, ки дар асоси орзу ва идеалҳои романтикии халқ, вале дар фони ҳаёти реалии советӣ ба вуҷуд омадааст. Бо ин маъно достони М. Миршакар натанҳо давомдиҳандаи анъанаи ғоявии классикҳои адабиёти тоҷик аст, балки давоми мантиқӣ ва ба ҳаёти реал табдил шудани он идеялҳо низ мебошад. Агар асоси идеалии достонро фолклори тоҷик ва адабиёти классикии он дода бошад, асоси реалиашро ҳаёти озоди советӣ – қишлоқи колхозӣ додааст. Бесабаб нест, ки шоир дар бораи Қишлоқи тиллоии ҳақиқӣ аз рўйи ҳиссиёт, тасаввурот ва маълумоте, ки дар бораи шароити советии одамон ва ҳаёти колхозии қишлоқҳои мо дорад, сухан рондааст.
Достони «Қишлоқи тиллоӣ» бо забони содаву софи хоси эҷодиёти М. Миршакар навишта шудааст. Дар ин достони аз ҷиҳати ғоявӣ баланд сохтмони колхозӣ ҳамчун факти ба ҳақиқат мубаддал гардидани орзуҳои чандинасраи халқи меҳнаткаш ифода ёфтааст.
Дар афсонаи «Қишлоқи тиллоӣ» орзу ва умеди деринаи дар роҳи озодӣ ва ҳаёти хушбахтона доштаи халқ, дар ҳеҷ аср, дар ҳеҷ мамлакат онро надидани ў, фақат дар замони Ҳокимияти Советӣ ва дар ҳаёти колхозӣ ба ин мақсад ноил шудани вай нақл ёфтааст. Дар ҳақиқат, зиндагонии пурмашаққати омма ва аз истисмори беҳадду ҳисоб ба ҳолати бенавоӣ ва хонахаробӣ омадани меҳнаткашон – мардуми мазлуми Помирро водор карда буд, ки дар бораи ҳаёти озодона, осуда ва зиндагии хушбахтона фикру хаёлҳои ширин кунанд. Ин орзуҳо ва хаёлҳо дар шакли «Қишлоқи тиллоӣ»-и романтикӣ-афсонавӣ дар эҷодиёти даҳанакии халқ ба вуҷуд омадааст. Дар амал иҷро шудани ин орзуҳо танҳо дар замони Ҳокимияти Советӣ имконпазир шуд. Имрўз он қишлоқи тиллоии афсонавӣ ҳамин ҳаёти колхозӣ ва боғу бўстони вай аст, ки онро мо бо дасту бозуи тавонои худ бино кардаем.
Ин достон, ки дараҷаи баланди ғоявӣ ва бадеӣ дорад, якҷоя бо «Панҷи ноором» сарояндаи худро дар соли 1950 сазовори унвони фахрии Лауреати мукофоти давлатии СССР гардонида буд.
1982