МУҲАММАДИЕВА ГУЛЧЕҲРА

 МУҲАММАДИЕВА ГУЛЧЕҲРА

ГУЛЧЕҲРА МУҲАММАДИЕВА 27 майи соли 1957 дар шаҳраки Фархор ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ фаъолияти меҳнатиро аз омӯзгорӣ сар карда, сипас дар мансабҳои котиби Кумитаи комсомол, Инструктори Кумитаи ҳизбӣ ва муовини раиси ноҳияи Фархор фаъолият бурдааст. Имрӯзҳо мудири бахши Шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ мебошад.

Дар баробари ин, мунтазам ба кори эҷодӣ машғул буда, силсилаи очерку мақолаҳояш дар матбуоти даврӣ чоп шудаанд. Муаллифи панҷ китоби насрӣ мебошад, ки маҷмӯаҳои роману қиссаву ҳикояҳои «Як шаб» (2007), «Қасоси зан» (2008), «Бонувони Фархор» (2011, «Бӯйи модар» (2011) ва «Чордодарон» (2014) аз он ҷумлаанд.

Барои меҳнати шоёнаш бо медали «Хизмати шоиста» (2001) сарфароз гаштааст.

Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо