МУРОДӢ БАҲМАНЁР

 МУРОДӢ БАҲМАНЁР

БАҲМАНЁР МУРОДӢ 23 марти соли 1991 дар деҳаи Сарои ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Соли 2009 мактаби миёнаи зодгоҳашро бо шаҳодатномаи аъло, соли 2014 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Аз синни нуҳсолагӣ навиштаҳояш дар матбуоти даврӣ чоп мешаванд. Соли 2004 нахустин маҷмӯаи ҳикояҳояш «Мусича» дар нашриёти «Шарқи Озод» бо пешгуфтори Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод мунташир гардидааст. Баъдан, соли 2007, китоби қиссаву ҳикояҳояш «Ашки осмон» аз чоп баромадааст.Соли 2008 барои китобҳои «Мусича» ва «Ашки осмон» сазовори Ҷоизаи адабии «Падида»-и Иттифоқи нависандагон гардонида шудааст. Қиссаҳои дигараш «Фасх», «Қадаме ба биҳишт» ва «Борбад» дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ»-у «Истиқбол» интишор ёфтаанд.

Аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо