ҚУРБОН МУҲИБУЛЛОҲ

 ҚУРБОН МУҲИБУЛЛОҲ

МУҲИБУЛЛОҲИ ҚУРБОН 3 марти соли 1948 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров ва Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав, ғоибона) таҳсил кардааст ва муддате дар мактаби деҳа муаллими забони инглисӣ будааст. Солҳои 1980-1990 ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» (ҳозира «Адабиёт ва санъат») фаъолият бурдааст. Соли 1990 сардабири рӯзномаи «Ҳафганҷ» таъин шудааст. Солҳои баъдӣ дар Сафоратхонаи ИМА дар Душанбе мутарҷимӣ кардааст.

Қиссаву ҳикояҳояш аз соли 1975 чоп мешаванд ва иддае аз онҳо ба забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ ва қазоқӣ тарҷума шудаанд. Муаллифи китобҳои «Зери чодари қиргун» (1985), «Шакаркуш» (1988), «Шавҳаркуш» (1997), «Соҳил» (2012), қиссаи мусаннади шарҳиҳолии «Дар сафорати Амрико ва баъди он» (2014) ва ғ. мебошад.

 Аз рӯи сенарияи ӯ филми ҳунарии «Маҳбуб» (1989) ба навор бардошта шудааст.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо