ФОЗИЛ АБДУЛЛОҲ
АБДУЛЛОҲИ ФОЗИЛ 3 октябри соли 1952 дар деҳаи Пакшифи ноҳияи Масчоҳ таваллуд шудааст. Пас аз муҳоҷирати мардуми болооби Зарафшон ба водии Дилварзин, соли 1969, мактаби миёнаи №8 ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияро хатм карда, пас аз як сол ба хизмати ҳарбӣ рафтааст. Соли 1973 донишҷӯи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Хуҷанд шуда, соли 1978 ба итмом расондааст.
Солҳои зиёде дар мактабҳои навоҳии Масчоҳи наву куҳна вазифаҳои роҳбарикунандаро бар зимма дошта, ҳамзамон, аз забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст.
Соли 1999 ба соҳаи матбуот гузашта, ҳоло сармуҳарририи нашрияи мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи кӯҳистони Масчоҳ – «Паёми Кӯҳистон»-ро бар уҳда дорад.
Ба шеър гуфтан аз солҳои донишҷӯйӣ пардохта, таровишҳои илҳому қаламаш аз соли 1980 дар матбуоти даврӣ ва маҷаллаҳойи адабӣ нашр мешаванд.
Маҷмӯаи нахустини шеърҳои ӯ «Пайки умед» соли 1992 мунташир гардидааст. Соли 2006 нашриёти «Ношир» (Хуҷанд) маҷмӯаи нисбатан мукаммали ашъори ӯро бо номи «Кафсанг» интишор додааст.
Осори мансури адиб «Умре бо халқ», «Аз ёдҳо, бунёдҳо», «Шикасти армон», «Ҷумъа Одина» ва «Санги зӯр» дар давоми даҳ соли охир ба дасти хонандагон расидаанд, ки аз маҳорати хуби нигорандагӣ ва соҳибпешагии муаллиф дар жанри очерку публитсистика гувоҳӣ медиҳанд.
Аълочии маорифи Тоҷикистон (2000), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2007).
Соли 2014 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Абдуллоҳи Фозил 5 майи соли 2022 аз олам даргузашт.