ФАРРУХ БУРҲОН

 ФАРРУХ БУРҲОН

БУРҲОН ФАРРУХ (Маҳкамов Бурҳон) 10 августи соли 1929 дар деҳаи Саримазори ноҳияи Конибодом зода шудааст. Соли 1948 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст. Чанде дар омӯзишгоҳ ва мактабҳои зодгоҳаш дарси забон ва адабиёт гуфтааст. Солҳои 1950-1953 дар хизмати ҳарбӣ будааст. Баъдан дар созмонҳои ҳизбӣ вазифаҳои гуногунро адо кардааст. Соли 1956 котиби КМ ЛКСМ Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз соли 1957 муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва моҳномаи «Машъал» будааст. Муддате мудирии шуъбаи нашриёти «Ирфон» ва ҷонишинии сармуҳаррири нашриёти «Маориф»-ро бар уҳда доштааст.

Китобҳои зиёдаш ба табъ расидаанд, ки муҳимтаринашон «Субҳи баҳор» (1964), «Асрори як мактуб» (1965), «Ҷавониро месароям» (1970), «Гунбади сеҳрнок» (1974), «Суруди зиндагӣ» (1976), «Хандаи бахт» (1979), «Хандаи иқбол» (1981), «Хатои охирин» (1984) ва ғ. мебошанд.

Ба русӣ маҷмӯаҳои «Поэма о слепом друге» (1969) ва «Мелодия молодости» (1984)-аш чоп шудаанд. Иддае аз шеърҳояш ба бисёр забонҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд. Китоби «Гунбади сеҳрнок» (1983) ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва мунташир гардидааст.

Бо чанд нишону ифтихорномаи ҳукуматӣ сарфароз гардидааст.

Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

15 июли соли 1995 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо