ФАЙЗУЛЛО ҲАБИБУЛЛО

 ФАЙЗУЛЛО ҲАБИБУЛЛО

ҲАБИБУЛЛО ФАЙЗУЛЛО 15 марти соли 1945 дар деҳаи Ховалинги ноҳияи Восеъ зода шудааст. Соли 1966 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Вечерний Душанбе» ходими адабӣ будааст. Соли 1973 Донишкадаи адабиёти ба номи М. Горкийи Маскавро хатм кардааст. Ходими Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, корманди рӯзномаи «Маориф ва маданият», масъули Шӯрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.

Шеърҳояш аз ибтидои солҳои 60-уми қарни гузашта чоп шуда, диққати хонандагон ва устодони назми муосири тоҷикро ҷалб намудаанд.. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Қатраи борон» (1966), «Дунёи ҷавонӣ» (1971), «Рози дарё» (1974), «Дидори орзуҳо» (1979), «Обшори Офтоб» (1981), «Чилчанор» (1982) ва ғ. мебошад. Пас аз маргаш китобҳои «Зи нав зинда шавем….» (1985) ва «Девон» (1995)-и ӯ чоп шудаанд.

Дар Маскав китобҳои ӯ «Яблонка» (1972) ва «Боль» (1990) ба чоп расидаанд.

Ашъори алоҳидаи А. Пушкин, М. Лермонтов, В. Шекспир, И. Гёте, П. Шиллер, А. Блок, Ю. Марсинкявичюс, И. Зиёдонис, фоҷиаи Эврипид «Медея»-ро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаҳояш дар баёзи «Армуғон» (1987) гирд омадаанд.

Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

8 июни соли 1980 дар садамаи нақлиёт аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо