СУЛТОН ҲАСАН
ҲАСАНИ СУЛТОН 9 июни соли 1966 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1983, баъди хатми мактаби миёнаи деҳа, вориди шуъбаи арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, солҳои 1985-1987 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Соли 1990, баъди хатми донишгоҳ, дар Кумитаи истилоҳоти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба кор пардохтааст. Аз соли 2002 сардори шуъбаи тарҷумаи Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.
Дар таълифу тадвин ва таҳриру такмили бештар аз сӣ китобу дастур ва фарҳангу луғатномаҳои соҳавӣ, аз ҷумлаи «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (2008, 2010), «Фарҳанги молия ва бонкдорӣ» (2008), «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (2013) ва ғ. ширкат варзидааст.
Муаллифи китобҳои «Мухтасари зиндагиномаи Шамси Табрезӣ» (1997, 2002, 2006), «Саргузашти Исмоили Сомонӣ» (1998, 2010), рисолаҳои илмии «Истилоҳоти илмии «Китоб-ут-тафҳим»-и Абӯрайҳони Берунӣ» (2003), «Мушкилоти забони илм» (2006), «Шуморнома»-и Муҳаммадайюби Табарӣ (2006), «Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ» (2008), «Становление и развитие персидско-таджикской научной терминологии» (2008), «Язык науки и терминология» (2011), «Мунтахаби ашъори Хоҷа Насириддини Тӯсӣ» (2011), муаллифи гулчини ашъори «Чароғи лола» (2002), «Шафақи лола» (2004), «Ҷоконда» (2005), «Салои ишқ» (2011, ба хатти арабӣ), «Таваллуди ту» (2013) ва ғ. мебошад.
Арбоби шоистаи илму маориф, дорандаи Медали тиллои ба номи В.И.Вернадский ва ордени байналмилалии «Labore et Scientia» («Заҳмату Дониш»).
Аз соли 2007 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.