СОБИР БОЗОР
БОЗОР СОБИР 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба ҷаҳон омадааст. Бино бар бемаҳал аз падар маҳрум мондан дар мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор тарбият ёфтааст. Баъди як соли ба сифати китобдор кор кардан, соли 1957, вориди факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1962 хатмаш намудааст. Муддате тарҷумони мутахассисони шӯравӣ дар Афғонистон, сипас мудири шуъбаҳои назми рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Садои Шарқ», солиёне мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Соли 1990 депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Соли 1995, бар асари воқеаҳои маълум, ба ИМА ҳиҷрат намуда, моҳи майи соли 2013, бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ватан баргашт. Дар ғурбат низ ҳамеша бо ёди халқу Ватан зистааст ва ашъори муассиру фарогираш дар ваҳдату эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва худогоҳии бештари миллат саҳми назаррас дорад. Иддае аз сурудаҳояш ба таронаҳои мардумӣ табдил ёфта, дар маъракаҳои гуногуни фарҳангӣ садо медиҳанд ва дар таҳкиму тақвияти сарҷамъию муттаҳидӣ ва ташаккули ғурури миллию ифтихори ватандории ҳамагонӣ, бахусус, ҷавонон, ҳиссаи сазовор мегузоранд.
Фаъолияти эҷодияш аввали солҳои шастуми асри гузашта сар шуда, дар давоми солҳои ҳафтодум ба сифати гӯяндаи ашъори баландмазмуни ватандӯстона ва лирики нозукандеша шуҳрати тамом пайдо кардааст.
Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Пайванд» соли 1972 – дар замоне ба табъ расид, ки шоир ҳам дар ҳаёту ҳам дар адабиёт ба камол расида буд. Он солҳо сарфи ҷустуҷӯю омӯзиш ва дарку эҳсоси амиқи рисолати шеъру шоирӣ ва заминаи ашъоре гардиданд, ки зуд ба дилҳо нишаставу сари забонҳо шудаанд. Аз ҷумла, «Тоҷикистон», «Забони модарӣ», «Бухоро», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Девори Бухоро», «Теғи Сино» ва хеле аз шеърҳои дигараш бо нигоҳи тозаву амиқ, эҳсоси баланди шоирӣ ва меҳри ватандорию ҷасорати шаҳрвандӣ эҷод шуда, сафҳаҳои пурифтихору фоҷиавии таърихи миллатро бозгӯ кардаанд.
Офаридаҳояш дар маҷмӯаҳои «Оташбарг» (1974), «Гули хор» (1978), «Каменная кладка» (Маскав, 1979), «Мижгони шаб» (1981), «Офтобниҳол» (1982), «Оташбарг» (ба ҳуруфи форсӣ; 1984), «Бо чамидан, бо чашидан…» (1987), «Листья огня» («Оташбарг»; 1990), «Чашми сафедор» (1992), «Гулчини ашъори устод Бозор Собир» (ба ҳуруфи форсӣ; Теҳрон, 1993), «Симхор» (Маскав, 1995), «Аз «Гули хор» то «Симхор» (Маскав, 1997), «Хонавода пароканда шуд» (чаҳор мақола; Маскав, 2000), «Чорчашм» (2001), «Шоиру шеъре агар ҳаст…» (2006), «Хуни қалам» (2010), «Бист шеърак барои Ардашерак» (2010), «Лолаи сиёҳ» (2013), «Хӯша-хӯша аз ҳар гӯша барои Анӯша» (2013), «Боғи момаи ангур» (2015) ва ғ. ба табъ расидаанд.
Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1988).
Иддае аз ашъораш ба забонҳои халқҳои шӯравӣ, инглисию олмонӣ, фаронсавию испонӣ ва чехию лаҳистонӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Ашъори чанде аз шоирони маъруфи дунё, аз ҷумла, Байрон, А. Рембо, Г. Апполинер, А. Фет, П. Неруда, Э. Межелайтис ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи ашъори Сергей Есенин, ки дар маҷмӯаи «Гулафшон» (ҳамроҳи Лоиқ Шералӣ; 1977) ба чоп расид, сазовори таъкиду таъриф аст.
Очеркҳои портретияш дар бораи Нодири Нодирпур, Мӯъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Убайд Раҷаб, Мастон Шералӣ, навиштаҳояш дар бораи рухдодҳои гуногуни ҳаёту адабиёт, силсилаи мақолаҳояш оид ба давраи ғурбат ва хотираҳояш дар бораи кӯдакию пайвандонаш басо воқеию шоирона буда, манзараву симоҳоро дар пеши назарҳо равшану гӯё ҷилвагар месозанд.
Дар тарбияи як идда шоирони ҷавони хушқареҳа саҳми шоистае гузошта, натанҳо ба шогирдон маслиҳату машварат додаву ба роҳи дурусти эҷод раҳнамунашон аст, балки бо навиштаҳои дилсӯзона махсусияти ҳар кадомашонро таъкид ва дар таҳқиқи батадриҷашон ҳиссагузорӣ намудааст.
Барои хидматҳояш дар ривоҷу равнақи адабиёт ва рушди ҳаёти ҷомеа соли 2013 бо ордени «Ситораи Президент» мушарраф гардонида шудааст.
Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Бозор Собир 1 майи соли 2018 аз олам даргузашт.