САРМАД
САРМАД (Гадобой Ӯзбеков) соли 1948 дар деҳаи Ғаззаи ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби деҳа таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент идома додааст. Завқи омӯзиш ва меҳру муҳаббат ба шеъру адабиёт Сармади ҷавонро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон овардааст. Соли 1973 донишгоҳи номбурдаро бомуваффақият хатм карда, ба кори рӯзноманигорӣ пардохтааст. Солиёни зиёде дар рӯзномаҳои «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон» («Омӯзгор») кор кардааст.
Нахустин чакидаҳои хомаи ӯ дар ҳамин рӯзномаҳо чоп шудаанд.
Намунаҳое аз осори Сармад бо номи «Ашки тарма» дар китоби дастҷамъии «Санги овоз» нашр шудаанд. Маҷмӯаи алоҳидаи ашъори ӯ соли 1996 зери унвони «Вожаҳои сияҳпӯш» ба табъ расидааст. Ашъори маҷмӯа аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ва образҳои бадеӣ тозакориҳо доранд. Махсусан, ҷустуҷӯҳои ӯ дар кашфи имкониятҳои ҷадиди жанрҳои суннатии шеърӣ, аз қабили ғазал, рубоӣ, дубайтӣ ва байт ҷолиби диққатанд. Тозакории дигари Сармад дар он аст, ки нахустин бор дар адабиёти мо бо номи «Сафинаи Суғд» достони фантастикӣ офаридааст.
Сармад дар айни камолоти эҷодӣ, баъд аз бемории начандон тӯлонӣ, соли 1994, аз олам даргузашт.
Бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи равоншод мактаби таҳсилоти ҳамагонии зодгоҳаш ба номи ӯ гузошта дар саҳни он нимпайкарааш қадафроз гардонида шудааст.