РОЗИҚ НӮЪМОН
НӮЪМОН РОЗИҚ 9 феврали соли 1927 дар деҳаи Симуганҷи ноҳияи Кофарниҳон (ҳозира Ваҳдат) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1942 мактаби миёна, соли 1958 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо ба поён расонда, чанде муаллимӣ кардааст. Чанде муовини раиси Кумитаи иҷроия ва раиси колхози «Ленинград»-и ноҳия будааст. Аз соли 1971 муҳарририи рӯзномаи ноҳиявии «Коммуна»-ро бар уҳда доштааст. Аз соли 1976 раиси кумитаи иттифоқи касабаи ноҳия, аз соли 1978 раиси деҳшӯрои Симуганҷ будааст.
Аз солҳои донишҷӯйӣ ба шеъргӯйӣ сар карда, асосан барои кӯдакон шеър гуфтааст. Ашъораш дар китобҳои «Мусичаҳо нодон не» (1965), «Телефони гунҷишк» (1968), «Гулмоҳӣ» (1971), «Бузғолаи бозингарак» (1974), «Лона» (1977), «Файзи баҳор» (1977), «Гулбоғ» (1981) ва ғ. ба табъ расидаанд.
Китобҳои «Одуванчик» (1975) ва «У меня много друзей» (1981)-и ӯ ба забони русӣ мунташир гардидаанд. Дастае аз ашъораш ба забонҳои украинӣ, литвонӣ ва ӯзбекӣ ҳам тарҷума ва чоп шудаанд.
Ҳикояҳояш дар маҷмӯаи «Гавҳари тиллоӣ» (2010) фароҳам омадаанд.
Вакили мардумии порлумони ҷумҳурӣ (даъвати 7) будааст.
Бо нишону ифтихорномаҳои гуногун сарфароз гардидааст.
Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
2 апрели соли 1982 аз олам даргузашт.