РАҲДОР САРДОР

 РАҲДОР САРДОР

САРДОРИ РАҲДОР (Дилбоваров Сардор Раҳдорович) 4 ноябри соли 1954 дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1971, баъди хатми мактаби таҳсилоти умумии ҳамагонии деҳааш, соле дар Заводи таъмирӣ-таҷрибавии техникаи Кӯлоб челонгарӣ кардааст. Солҳои 1972-1977 дар факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил дошта, баъди хатмаш (ду сол) дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҳамагонии деҳоти Шуҷанд ва Емси ноҳияи Рӯшон муаллимӣ кардааст. Баъдан, солҳои 1979-1981, корманди масъули радиои маҳаллӣ, мухбири рӯзномаи «Овози дӯстӣ»-и ноҳия будааст. Солҳои 1981-1984 ҳамчун афсари кӯшунҳои сарҳадии шӯравӣ дар Тошканду Кобул адои хизмат кардааст. Солҳои 1984-1986 мухбири рӯзномаи ноҳиявӣ, солҳои 1986-1988 тарҷумони ҳизбӣ дар Кобул, солҳои 1989-2010 хабарнигори рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон», сипас мудири шуъбаи идеологияи ҳукумати ноҳияи Рӯшон, корманди Хазинаи Оғохон дар Хоруғу Душанбе будааст. Аз соли 2010 муҳаррири калони ҳафтавори «Нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ мебошад.

Аз овони ҷавонӣ машқи шеър кардааст. Шеърҳояш дар маҷмӯаҳои «Номус» (1991), «Ҷӯёи нур» (2011), «Талаби дидор» (2009) ва «Мод зив» (2011) интишор ёфтаанд.

Бо медалҳои Иттиҳоди Шӯравию Афғонистон, Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии СССР ва Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Аз соли 1989 узви Итифоқи журналистон, аз соли 1991 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Моҳи апрели соли 2020 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо