РАСО БАСИР

БАСИР РАСО 13 июли соли 1931 дар деҳаи Бунигаҳи деҳшӯрои Водхуди ноҳияи Ванҷи ВМКБ таваллуд ёфтааст. Тарбиятгирандаи хонаи бачагон ва ансамбли этнографии бачагонаи Помир будааст. Солҳои 1949-1951 дар Кумитаи созмони ҷавонони Ванҷ мудири шуъбаи мактабҳо будааст. Аз соли 1956, баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, то соли 1962 дар маҷаллаи «Хорпуштак» ва рӯзномаи «Маориф ва маданият» дар вазифаҳои ходими адабӣ, мудири шуъбаи адабиёт ва котиби масъул кор кардааст. Аз соли 1964 то рӯзҳои вопасини умраш сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» буд.
Шеърҳояш аз соли 1954 дар матбуот ва маҷмӯаҳои «Боргоҳи нур» (1968), «Нидои дӯст» (1981), «Баҳори орзу» (2004) ба табъ расидаанд.
Ашъори алоҳидаи Э. Чаренс, Л. Гурунтс, Н. Зарян, Г. Эмин ва ҳамосаи қаҳрамонии арман «Довуди Сосунӣ»-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Мураттиби антологияи назми арман «Сози Наири»-ст.
Шеърҳои алоҳидааш ба забонҳои русӣ, арманӣ, гурҷӣ, булғорӣ, украинӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Корманди шоистаи фарҳанг ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон.
Бо орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1981), «Дӯстии халқҳо» (1977), «Нишони фахрӣ» (1971), медали «Барои меҳнати шоён» ва Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
11 июли соли 2010 аз олам даргузашт.